НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИЮ ИҶТИМОИИ НОҲИЯИ ФАЙЗОБОД ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2024

print

Дирӯз дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таҳти раёсати раиси ноҳияи Файзобод Мансур Каримзода ҷаласаи ҳисоботӣ доир ба “Натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар нимсолаи якуми соли 2024 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли чорӣ” доир гардид, ки дар кори он Бахтиёр Худоёрзода намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Дар кори ҷаласа муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, хоҷагиҳо, корхонаю ташкилот, муассисаҳои таълимӣ, ходимони дин, собиқадорон, фаъолон, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва дигар шахсони дахлдор ба кори ҷаласа иштирок доштанд.

Дар ҷаласа тибқи тартиб ҳисоботҳои муовинони соҳавӣ шунида шуда, дар алоҳидагӣ соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор дода шуд. Маврид ба зикр аст, ки вобаста ба масъалаи мазкур Мансур Каримзода ва Бахтиёр Худоёрзода нишондиҳандаҳои ҳамаи паҳлуҳои хоҷагии халқи ноҳияро мавриди таҳлили дақиқ қарор дода, баҳри боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани фаъолият ва вусъатбахшии ҷараёни корҳои банақшагирифташуда, ҷиҳати беҳтару хубтар рушд намудани ноҳия вазифагузорӣ намуданд.

 

Шарҳи худро гузоред

*

code