Ҳамзамон, бо иштироки Тошиҳиро АИКИ, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи умумии асосии №66-и деҳаи Заркамари Ҷамоати шаҳраки “30-солагии Истиқлол” ба истифода дода шуд. Бояд зикр кард, ки муассисаи таълимӣ аз тарафи Сафорати Ҷумҳурии Ҷопон ба маблағи 132708 доллари ИМА бунёд ёфт, он аз 10 синфхонаи кушоду барҳаво ва бо таҷҳизотҳои муосири таълимӣ муҷаҳҳаз мебошад. Зимни сафари корӣ аз тарафи раиси ноҳияи Файзобод Мансур Каримзода ба меҳмонон барои ҳамкории судманд сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ва туҳфаҳои хотиравӣ супурда шуд. Ҳамчунин, дар ин рӯз бо иштиоки раиси ноҳия 2 синфхонаи иловагӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33-и деҳаи Гултеппаи Ҷамоати мазкур ба истифода дода шуд. Синфхонаҳо бо саҳми сокинони деҳа бунёд шудааст.Бояд гуфт, ки зимни ифтитоҳи иншоотҳо аз тарафи раиси ноҳия ба якқатор ятимон туфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия супурда шуд. Инчунин, ба собиқадорон ва нафароне, ки дар ободии иншоотҳо саҳми худро гузоштанд бо сипосонмаи раиси ноҳия ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Бояд гуфт, ки имрӯзҳо мардуми меҳнаткаши ноҳияи Файзобод ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон камари ҳиммат баста, бо азму иродаи қавӣ барои пешрафти кишвари азизамон пайваста заҳмат мекашанд. Ҳамин аст, ки ноҳия рӯз ба рӯз ободу зеботар ва зиндагии сокинони он беш аз пеш беҳтар мегардад.