Дар ноҳияи Файзобод гурӯҳи кории тарғиботӣ ташкил гардидааст, ки аъзои он оид ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, паст намудани сатҳи хурофотпарастӣ дар ҷомеа, татбиқи қонунҳо «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» ва расонидани муҳтавои «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» бо ҷавонону наврасон, омӯзгорон ва падару модарон пайваста суҳбат менамоянд. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Файзобод иттилоъ доданд.
Дар вохӯрие, ки бо ин мақсад дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9-и ноҳия доир гардид, ҳозирин вобаста ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, истифодаи дурусти фарҳанги телефонҳои мобилӣ, пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, роҳ надодан ба таълимоти ғайрирасмии динӣ, тақвият бахшидани ҳисси худшиносию худогоҳӣ ва ватандӯстӣ, танзими анъана ва ҷашну маросим ва дигар мавзуъҳои муҳим сухан гуфтанд.
Таъкид гардид, ки интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз воситаҳои асосие мебошанд, ки гурӯҳу ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ бо истифода аз онҳо ва паҳн кардани ҳар гуна сабтҳои видеоӣ ва наворҳои таблиғотӣ шахсони алоҳида, хусусан наврасону ҷавононро, ки ҳолати равониашон ҳанӯз комил нест, ба сафи худ ҷалб менамоянд. Барои ба доми фиреби онҳо наафтодан наврасону ҷавонон ва волидайнро зарур аст, ки фарҳанги истифодаи интернет, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоӣ ва манфиату зарари онҳоро донанд, аз интернет самаранок ва мақсаднок истифода бурда, донишҳои техникиву технологиашонро мустаҳкам намоянд. Бояд падару модар, ки таъминкунандаи телефонҳои мобилӣ ва маблағи интернети фарзанд мебошанд, пайваста назорат намоянд, ки фарзандашон дар ин фазои маҷозӣ бо киҳо суҳбат мекунад, чӣ гуна маводро меписандад ва назарашро чӣ гуна баён менамояд.
Суҳбату вохӯриҳои гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод дар муассисаҳои таълимӣ ва марказҳои фарҳангии ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия идома дорад.