ШУЪБАИ ЁРИИ ТАЪҶИЛӢ ПАС АЗ ТАЪМИР МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

print
Чанде пеш бахшида ба ифтихори 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шуъбаи ёрии таъҷилии назди Маркази саломатии ноҳия пас аз таъмир мавриди истифода қарор дошта шуд, ки зимни ифтитоҳи он раиси ноҳияи Файзобод Мансур Каримзода, роҳбарият ва кормандони муассисаи тандурустии ноҳия иштирок намуданд.
Бояд гуфт, ки шуъбаи ёрии таъҷилӣ бо 7 нақлиёти ёрии таъҷилӣ таъмин буда, он ба 120 ҳазору 999 нафар аҳолии ноҳия хизмат мерасонад.
Дар он 56 нафар, аз ҷумла мудири шуъба, ҳамшираи калон, механик, 6 момодоя, 11 бародари шавқат, 18 ронанда, 6 дастурдиҳанда ва 14 табиби навбатдор фаъолият менамоянд.
Дар шуъба ёрии таъҷилӣ 2 бригада дар ҳудуди ноҳия ва як бригада дар Ҷамоати шаҳраки “30-солагии Истиқлол” ба аҳолӣ хизмат хоҳанд кард.
Ҳамзамон, 8 собиқадори соҳаи тандурустӣ бо ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, туҳфаҳо ва 15 кӯдакон аз оилаҳои камбизоат ба таври ройгон аз амалиёти хатна гузаштанд, ҳамчунин, онҳо бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Маврид ба зикр ҳаст, ки баъди ба истифода додани шуъбаи мазкур сатҳу сифати хизматрасонии ёрии таъҷилии тиббӣ ба аҳолии ноҳия боз ҳам беҳтар хоҳад шуд.

 

 

 

Шарҳи худро гузоред

*

code