Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо имоми акбари муассисаи «Ал-Азҳар»-и Миср доктор Аҳмад Ат-Тайиб мулоқот намуданд

print

ДУШАНБЕ, 12.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. 12 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар ҳошияи саммити Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим бо имоми акбари муассисаи “Ал-Азҳар”-и Миср доктор Аҳмад Ат-Тайиб мулоқот намуданд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози вохӯрӣ саҳми ин муассисаи илмию таълимиро дар омода кардани ҳазорон мутахассиси соҳаҳои гуногун ва тарғиби ғояҳои сулҳҷӯёнаву таҳаммулпазирӣ таъкид карданд.
Ишора карда шуд, ки дар шароти имрӯза муттаҳид будани уммати мусулмон хело муҳим аст.
Дар ин замина дарки воқеии ҷавонон аз ҳадафҳо ва рӯҳияи аслии дини ислом, ки ҳамоно таҳаммулпазирӣ, накӯкорӣ ва инсондӯстист, муҳим дониста шуд.
Зикр гардид, ки айни замон дар бахшҳои гуногуни муассисаи таълимии “Ал-Азҳар” зиёда аз 200 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил мекунанд.
Сарвари давлати мо дар ин робита аҳаммияти танзими таҳсили донишҷӯёни тоҷикро дар асоси қонунгузории ду кишвари дӯсту бародар таъкид карданд.
Изҳори умед карда шуд, ки ҳамкории илмиву татқиқотии муассисаҳои таълимию илмии Тоҷикистон ва муассисаи “Ал-Азҳар” густариш хоҳад ёфт.
Пешниҳод шуд, ки кормандони соҳаи дини Тоҷикистон барои табодули илмию амалӣ ва омӯзиши афкори таҳаммулпазирӣ ба давраҳои таълимии муассисаи Азҳар ҷалб карда шаванд.
Дар ҷараёни суҳбат, ҳамчунин, оид ба дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Шарҳи худро гузоред

*

code