Санаи 22.11.2024 дар толори Филармонияи халқии ноҳия ба номи Нигина Раупова бо иштироки раиси ноҳия, сардорони сохторҳои қудратӣ, кормандони бахшу идораҳои назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва сокинони ноҳия чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошукӯҳу шаҳомати хоса баргузор гардид.
Имрӯз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рамзи соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон ва дигар мамлакатҳои олам парафшонӣ мекунад ва ба оламиён аз мавҷудияти давлати соҳибистиқлол бо номи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ҳамзамон, зикр шуд, ки Парчами давлатӣ рамзи озодӣ, баёнгари соҳибихтиёрии кишвар ва нишонаи таъриху фарҳанги бостониву пурғановати миллати тоҷик маҳсуб ёфта, муҳаббат ва эҳтироми он бояд дар қалби ҳар фарди бонангу номуси кишвар маъво дошта, эътиром ва арҷгузорӣ нисбат ба ин рамзи муқаддаси миллӣ рисолаи таърихӣ ва қарзи шаҳрвандии мост. Таърих гувоҳ аст, ки Парчами давлатии мо ба сифати омили нангу номуси ватандорӣ сокинони бонангу номус ва ҷавонмардони далеру шуҷои кишварамонро зери сояи худ муттаҳид намуда, Тоҷикистони муқаддасро аз парешонӣ нигаҳ дошт.
Инчунин, дар маркази ноҳия роҳпаймоии идона сурат гирифт. Дар роҳпаймоӣ кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, гирандаи стипендияи Президентӣ ва раиси ноҳия, ғолибону иштирокчиёни озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, «Илм – фурӯғи маърифат», гурӯҳи ҷавонон – донишҷӯёни «Пайравони Пешвои миллат” ва бахши ҷавонони ноҳия, инчунин, варзишгарон, иштирок намуда, бо бардоштани Парчам, ҳамчун нишонаи давлатдории миллӣ, истиқлолу озодӣ, арзиши бебаҳои миллӣ ва ҳамчун ифтихори ҷавонони саодатманд ба ҷо оварданд.
Ҳамчунин, дар ҳамоиш аз тарафи ҳунармандони ноҳия ва ҷумҳурӣ комсерти идона доир гардид, ки бо сурудҳои Ватандӯстӣ аҳли толоро шод гардониданд.
