Чанде пеш дар толори Филармонияи халқии ноҳияи Файзобод ба номи Нигина Раупова, оид ба интихоботи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва комиссияҳои ҳавзавии вакилони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот машварати омӯзишӣ доир гардид.
Маврид ба зикр аст, ки дар ноҳия барои дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронидани интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва маҷлиси вакилони халқи ноҳия омодагиҳо идома доранд.
Дар ин самт аъзои комиссия дар якҷоягӣ бо кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ташкилоти ҷамъиятии маъюбон дар ҳамкориянд ва баҳри таъмини ҳифзи ҳуқуқи шахсони имконияташон маҳдуд дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва маҷлиси вакилони халқи шаҳр тамоми чораҳои заруриро амалӣ менамояд.
Ҳоло бо мақсади ба аҳолӣ фаҳмондани моҳияти интихобот ва нуқтаҳои асосии қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» аъзои комиссияњои дар якҷоягӣ бо кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ҳифзи ҳуқуқ дар маҳалҳои аҳолинишин вохӯриҳо доир намуда истодаанд.
