ҶАШНИ САДА ДАР НОҲИЯ БО ШУКӮҲУ ШАҲОМАТИ ХОСА ТАҶЛИЛ ШУД

print

Ҷашни Сада аз қадимтарин ҷашнҳои мардуми тоҷик ба ҳисоб рафта, бо шарофати Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав эҳё гардид ва ҳамасола бо шукӯҳу шаҳомати хоса дар кишвар таҷлил мешавад.
 Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод, 31-уми январи соли 2025 дар маркази ноҳия Ҷашни Сада бошукӯҳ таҷлил гардид. Зимни он гӯшаи намоиши ҳунарҳои миллӣ, намоиши фурӯши ниҳол, тухмии гулу буттаҳо, гӯшаи дастовардҳои кишоварзон, олоти меҳнати деҳқон ва маҳсулоти корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ ташкил шуда, бонувон, толибилмони муассисаҳои таълимӣ, ҳунармандон, кормандони ташкилоту муассиса ва аҳли заҳмати ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия намунаи ҳунару маҳорат ва маҳсули меҳнати хешро пешниҳоди ҳозирин гардониданд.
      Дар гӯшаи намоишгоҳ ҳунарҳои чӯбтарошӣ, гулдӯзӣ, бофандагӣ, ресандагӣ ва самараи заҳмати кишоварзон дар бахшҳои сабзавоткорӣ, зироаткорӣ, боғдорӣ, растанипарварӣ, истеҳсоли тухмӣ ва дастовардҳои тамоми соҳаи кишоварзӣ ба маъраз гузошта шуданд. Ин тадбир аз пешрафти соҳа ва сол то сол зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ дарак медиҳад.
Раиси ноҳия Мансур Каримзода, зимни суханронӣ иброз дошт, ки Ҷашни Сада аз ҷовидонии хуршеди оламтоб башорат дода, ифодаи пайванди зиндагии инсонҳо бо табиат, давраи омодагӣ ба истиқболи баҳору Ҷашни байналмилалии Наврӯз, инчунин, омодагӣ ба киштукори баҳорӣ ва дигар корҳои кишоварзӣ мебошад.
– Мардуми шарафманди ноҳия дар қатори дигар сокинони сарбаланди кишвар, ки табиатан ба некиву покӣ ва гармиву рӯшноӣ майл доранд, Ҷашни Садаро бо хушиву хурсандӣ истиқбол гирифта, чун ниёгони хушсалиқаамон аз имрӯз шуруъ карда, ба мавсими киштукори баҳорӣ омодагӣ мегиранд. Баргузории чунин ҷашнҳои оммавии бошукӯҳ, ки тайи солҳои охир ба ҳукми анъана даромадааст, нишонаи иттиҳоду сарҷамъӣ ва ҷонибдории сокинон аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат ва Ҳукумати мамлакат мебошад,-зикр кард раиси ноҳия
Дар идомаи чорабинӣ аз тарафи бахши фарҳанги ноҳия ва сарояндаҳои ҷумҳурӣ барои болидаруҳ гардидани иштирокчиён барномаи рангини консертӣ баргузор гардида, ки ба чорабинӣ шаҳомати дигар бахшид.
Дар охири чорабинӣ як қатор деҳқонон ва кормандону мутахассисони фаъоли соҳаи кишоварзии ноҳия бо ифтихорнома ва сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қадрдонӣ гардиданд.

Шарҳи худро гузоред

*

code