Ҳамзамон, зикр шуд, ки “Паёми навбатии Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии кишвар барои кулли сокинони мамлакат ҳамчун як ҳуҷҷати муҳим ба шумор рафта, он дар баробари таҳлил ва баррасии фаъолияти соҳаҳои гуногун дар соли сипаригашта, инчунин, нақшаҳои амал барои рушди фаъолияти минбаъдаи ҷабҳаҳои гуногуни мамлакатро дарбар мегирад. Мардуми шарафманди тоҷик бо амалӣ намудани нуктаҳои Паёми навбатии пурмуҳтавои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба комёбиҳои нав сазовор мегарданд ва дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, иқтисоду саноат ва илму фарҳанги мамлакат пешравиҳои назаррас рӯи кор меоянд”.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, анҷом додани корҳои ободонию созандагӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ ва дигар масъалаҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Иброз гардид, ки дар ин давраи бисёр ҳам печида ва ҳассоси тағйирёбии вазъи сиёсии ҷаҳон ва минтақа ҷавононро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, фирефтаи ҳар гуна гурӯҳҳои манфиатҷӯ нагарданд. Аз ин рӯ, падару модарон бояд фарзандонро ба хизмати Ватан-Модар омода намоянд. Чунки хизмат дар сафи Артиши миллӣ барои ҳар ҷавони худогоҳи тоҷик шарафи бузург аст. Хизмати ҳарбӣ ҷавононро обутоб дода, солиму неруманд мегардонад ва онҳо минбаъд дар зиндагӣ устуворона қадам мениҳанд.
Чунин суҳбату вохӯриҳо вобаста ба шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми навбатии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар масъалаҳо миёни сокинони ноҳия дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Файзобод силсилавохӯриҳои гурӯҳҳои тарғиботӣ идома доранд.