ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ МИЁНИ СОКИНОНИ ДЕҲОТИ БАҲОР

print
 Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати таблиғу ташвиқ ва шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар дар Ҷамоати деҳоти Баҳори ноҳия вохӯрӣ доир гардид. Дар он раиси ноҳия Мансур Каримзода, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, вакилони маҳаллӣ ва ҷавонону собиқадорони Ҷамоат иштирок намуда, доир ба самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакат, ба роҳ мондани корҳои созандагию ободонӣ ҷиҳати рушди маҳал, тарбияи насли ҷавон дар руҳияи донишомӯзӣ ва ҳунарандӯзӣ, баланд бардоштани эҳсоси ватанпарастӣ ва омода будан ба хизмати ҳарбӣ, пешгирии шомилшавии сокинон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пешгирии хурӯҷи бемориҳои сироятӣ ва эмгузаронии аҳолӣ сухан гуфтанд.

 Гуфта шуд, ки Паём ҳамчун дастурамали фаъолият вазифаҳоро муайян намуда, аз ҳар яки мо тақозо менамояд, ки барои фардои гулафшони Ватани азизамон саъю талош намоем.

Зикр гардид, ки мардуми шарафманди тоҷик бо амалӣ намудани нуктаҳои Паёми навбатии пурмуҳтавои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба комёбиҳои нав сазовор мегарданд ва дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, иқтисоду саноат ва илму фарҳанги мамлакат пешравиҳои назаррас рӯи кор меоянд. Ҳамчунин, ҷиҳати амалисозии ҳадафҳои созандаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, махсусан баҳри рушди саноати ватанӣ ва беҳзистии мардум қадамҳои устувор гузошта мешаванд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки дастуру супоришҳои Пешвои миллатро сармашқи кори худ қарор дода, якдилона иқдом ба корҳои созанда намоем.

 

 

 

Шарҳи худро гузоред

*

code