Зимни баргузории мулоқоти мазкур раиси ноҳия Мансур Каримзода, бобати муҳимияту мубрамияти Паёми Сарвари давлат ба ҳозирин маълумот доданд. Зикр шуд, ки Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеан ҳам дастури муҳим ва раҳнамунсоз барои ҳар як сокини кишвар, алалхусус наврасону ҷавонон маҳсуб ёфта, ҳар як шахси ватандӯстро водор месозад, ки дар рушди минбаъдаи ватани маҳбубамон-Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши сазовор дошта бошад.
Гуфта шуд, ки Паём ҳамчун дастурамали фаъолият вазифаҳоро муайян намуда, аз ҳар яки мо тақозо менамояд, ки барои фардои гулафшони Ватани азизамон саъю талош намоем.
Зикр гардид, ки мардуми шарафманди тоҷик бо амалӣ намудани нуктаҳои Паёми навбатии пурмуҳтавои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба комёбиҳои нав сазовор мегарданд ва дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, иқтисоду саноат ва илму фарҳанги мамлакат пешравиҳои назаррас рӯи кор меоянд. Ҳамчунин, ҷиҳати амалисозии ҳадафҳои созандаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, махсусан баҳри рушди саноати ватанӣ ва беҳзистии мардум қадамҳои устувор гузошта мешаванд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки дастуру супоришҳои Пешвои миллатро сармашқи кори худ қарор дода, якдилона иқдом ба корҳои созанда намоем.