БАРГУЗОРИИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ “ВАТАНПАРВАР”

print
Тавре қаблан хабар дода будем, дар ноҳия мусобиқаи ҳарбӣ – варзишии “Ҳомии Ватан” ба муносибати Ҷашни 32 – уми солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамкори бо бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия, шуъбаи маориф, комиссариати ҳарбӣ, кумитаи ташкилоти мададгори мудофиа ва ШВКД- и дар ноҳия мусобиқаи варзиши идома дошт. Дирӯз даври ноҳиявӣ дар толори варзишии Муассисаи давлатии “Мактаби варзишии” ноҳия доир гардид. Дар мусобиқаи ҳарбӣ – варзишӣ “Ҳомии Ватан” 7 даста аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия иштирок намуданд. Мусобиқаи “Ватанпарвар” миёни хонандагони ноҳия собит намуд, ки рӯз аз рӯз таваҷҷуҳи ҷавонон ба чорабиниҳои ҳарбӣ-варзишӣ зиёд мегардад.
Иштирокчиён аз беш аз 7 намуди варзиши миёни писарону духтарон баромад намуда, маҳорати худро ба ҳайати ҳакамон нишон доданд, дар натичаи баҳогузории ҳайати ҳакамон дастаҳои беҳтарин муаян гардид, ҷой якум ба МТМУ №1, ҷойи дуюм №6 ва ҷойи сеюм №8 насиб шуд. Ҳамчунин, ба як қатор муассисаҳо барои фаъолияти хуб нишон доданашон бо сипосномаи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия қадро шуданд.
Бояд гуфт, ки рӯзи 23 феврал 32 – юмин солгарди таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Филармонияи халқии ноҳия ба номи Нигина Рауфова ҷашн гирифта мешавад, ки дар чорабинии мазкур ғолибони мусобиқаи ҳарбӣ – варзишӣ “Ҳомии Ватан” аз тарафи раиси ноҳия Мансур Каримзода, бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешаванд.
Лозим ба ёдоварист, ки мақсад аз баргузории чунин чорабиниҳо баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ҷалби бештари ҷавонон барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Шарҳи худро гузоред

*

code