Гузаронидани чунин аксияҳои тозагиву ободонӣ баҳри баланд бардоштани тарбия ва маърифати экологӣ дар дигар минтақаҳои ноҳияи Файзобод низ мунтазам амалӣ мегардад.
Дар аксияҳои «Тозагии шоҳро» ду тарафи ҷӯйборҳо аз ҳар гуна партовҳо тоза гардида, инчунин атрофи гулҳои мавсимӣ нарм карда шуданд.
Ҳамзамон, масъулин баён доштанд, ки бо ҷалби васеи кормандони ниҳодҳои мақомоти маҳаллӣ ва иштироки фаъолонаи сокинони ҷамоату маҳаллаҳо аксияву шанбегиҳо доир мегарданд, ки барои тозаву обод намудани муҳити атроф ва беҳбудӣ бахшидан ба вазъи экологӣ мусоидат менамоянд.