Сокинони деҳаи Муллотуғмаи Ҷамоати деҳоти Ҷавонони ноҳия Ҷашни Наврӯзро бо рияои тамоми расму суннати ниёгон ҷашн гирифтанд.
Сокинони деҳаи мазкур чун анана дар рӯи замин палос густурда, ин майдонро ба базмгоҳи наврӯзӣ табдил доданд. Кӯдакону наврасон санҷаку улчак ва лашбозӣ, тухмҷанг, гӯштингирӣ, кабку хурӯсҷангро, ки хоси Ҷашни Наврӯз мебошанд, бо тамоми назокаташ пешкаши мардуми деҳа гардониданд.
Дар чорабинӣ муовини раиси ноҳия Ҷунайдулло Каримзода, раиси Ҷамоати деҳоти Ҷавонон, Ҷаҳонбек Амонализода ва дигар намояндагон иштирок намуданд.
Гирдогирди базмгоҳи наврӯзӣ таомҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва дастоварди сокинони деҳа ба намоиш гузошта шуданд.
Ҷашни Наврӯзро бе садои чангу рубоб ва таронаҳои мардумӣ тасаввур намудан ғайриимкон аст.
Инчунин, дар наврӯзи деҳа ҷавонон байни худ гӯштинг гирифтанд.
Маврид ба зикр аст, ки Ҷашни Наврӯз дар бедории паҳлавонон ва аз нав эҳё намудани анъанањои ниёкон ҷойгоҳи махсус дорад. Аз замонҳои қадим Наврӯзро мардуми тоҷик деҳа ба деҳа дар алоҳидагӣ ҷашн мегирифтанд ва паҳлавонон ба майдон баромада, ҳар яке деҳи худро муаррифӣ мекард. Яъне гўштии тоҷикӣ дар инкишофи шуҷоату ғайрат ва худогоҳии миллӣ нақши бориз дошт. Аслан, паҳлавонон дар болои сабзаи навруста бо пойҳои луч баромада, зӯрозмоӣ менамуданд. Маъмулан бо нидои довар ба сони «ҳалол», ки ин садоро аксари тамошогарон низ аз ҷой ҷаҳида такрор мекунанд, яке ғолиб ва дигаре мағлуб мегардад.