Ҷашни бошукӯҳи Наврӯз дар деҳоти Меҳробод

print

Наврӯз ҷашни шодиву нишот, суруру шодмонӣ ва ҳамдиливу ҳамгироӣ маҳсуб меёбад. Ҳоло дар тамоми деҳаҳои ноҳия ин ҷашни накуи табиатро дар сатҳи баланд ҷашн гирифта истоданд.

Тибқи нақшаи баргузориҳии чорабиниҳои наврӯзӣ дар деҳаю маҳаллаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Файзобод, чанде пеш дар Ҷамоати деҳоти Меҳробод чорабинии бошукӯҳи идона баргузор гардид.

Сокинони деҳот мисли дигар сокинони шаҳраку деҳотҳои ноҳияҶашни наврӯзро бо рияои тамоми расму суннати ниёгон ҷашн гирифтанд. Чун анана дар рӯи замин палос густурда, майдонро ба базмгоҳи наврӯзӣ табдил доданд. Кӯдакону наврасон санҷаку улчак ва лашбозӣ, тухмҷанг, гӯштингирӣ, кабку хурӯсҷангро, ки хоси Ҷашни Наврӯз мебошанд, бо тамоми назокаташ пешкаши мардуми деҳа гардониданд.

Ҳамчунин, гурӯҳи дигар назди дастархони пурнозу неъмати наврӯзӣ нишаста, таъомҳои миллӣ, аз қабили қурутобу оши бурида, далдаю оши палав тановул мекарду гурӯҳе занон ҳунарҳои миллии маҳсули дастони худро ба маърази тамошо гузошта буданд.  Духтарон давра нишаста, мӯяшонро майдабофӣ мекарданду ба дастон ҳиною ба чашму абрувон усмаю сурма мекашиданд. 

Гирдогирди базмгоҳи наврӯзӣ таомҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва дастоварди сокинони деҳа ба намоиш гузошта шуда буд.

Инчунин, гурӯҳи духтарон дар ҳавои тарона бо ҳазор ишваю таманно рақсҳои дилрабо мекарданд.

Сипас, ба тамошобинон барномаи наврӯзии театрикунонидашудаи аҳли деҳотро, ки бо қадам ранҷа намудани Арӯси солу Бобои деҳқон шуруъ гардид, бо рақсу тарона ва саҳначаю гулбазм пешкаш шуд, ки хотири аҳли нишаст болида гардид.

 

Шарҳи худро гузоред

*

code