БО  УСУЛИ “ДЕҲА БА ДЕҲА” БО СОКИНОНИ ДЕҲАИ ДАШТИ МАРЗО ВОХӮРӢ ДОИР ШУД

print

Санаи 30-уми апрели соли равон дар деҳаи Дашти марзои Ҷамоати деҳоти Қалъаи Дашт бо усули «деҳа ба деҳа» оид ба шарҳу тавзеҳи Паём навбатии Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии кишвар, таъмини амнияти озуқаворӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, захираи маҳсулот, пешгирии қонунвайронкунӣ дар самти истифодаи қувваи барқ,  инчунин, риояи ҷашну маросим, тарғиби либоси миллӣ ва таълиму тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстӣ ва дигар мавзъуҳои муҳим вохӯрии гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иборат аз муовини раиси ноҳия Ҷунайдулло Каримзода, роҳбарони ташкилоту муассиса ва фаъолон бо сокинони Ҷамоат баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ масъулин оид ба дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат, ки зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ҷиҳати донишомӯзии ҷавонон, омӯхтани забонҳои хориҷӣ, таваҷҷуҳи зиёд додан ба фанҳои дақиқ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани насли ҷавон, ободии ҷумҳурӣ, ҳифзи амният ва оромии ҷомеа баён намуданд, сухан гуфтанд.
Ҳамзамон, зимни вохӯрӣ муҳтавои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ва «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» бобати пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, пешгирии қонунвайронкуниҳо байни ҷавонон, хурофотпарастӣ сухан гуфта шуд.
Масъулин зимни вохӯрӣ вобаста ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, истифодаи дурусти фарҳанги телефонҳои мобилӣ, пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, роҳ надодан ба таълимоти ғайрирасмии динӣ, тақвият бахшидани ҳисси худшиносию худогоҳӣ ва ватандӯстӣ, риояи намудани танзими анъана ва ҷашну маросим, инчунин, нуктаҳои асосии Паёми Президенти кишвар, даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва анҷом додани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ дар ин самт суханрони карданд.
Зикр шуд, ки интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз воситаҳои асосие мебошанд, ки гурӯҳу ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ бо истифода аз онҳо ва паҳн кардани ҳар гуна сабтҳои видеоӣ ва наворҳои таблиғотӣ шахсони алоҳида, хусусан наврасону ҷавононро, ки ҳолати равониашон ҳанӯз комил нест, ба сафи худ ҷалб менамоянд. Барои ба доми фиреби онҳо наафтодан наврасону ҷавононро зарур аст, ки фарҳанги истифодаи интернет, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоӣ ва манфиату зарари онҳоро донанд, аз интернет самаранок ва мақсаднок истифода бурда, донишҳои техникию технологиашонро мустаҳкам намоянд.
Таъкид гардид, ки вазифаи аслии мо васеъ намудани доираи ҷаҳонбинии ҷавонон аст, то онҳо ба доми хурофотпарастон, террористону ифротгароён наафтода, ҳамчун ҷавонони ватандӯсти асил ба воя расанд, барои ҳимояи Ватан ҳамеша омода ва ифтихор аз Тоҷикистон дошта бошанд. Ҷавонони мо бояд дар баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум саҳми арзанда гузошта, пеши роҳи қонунвайронкуниҳоро бигиранд.

 

Шарҳи худро гузоред

*

code