«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!» Тарғиби либоси миллӣ дар ноҳия

print
   Бо мақсади арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллӣ, баланд бардоштани ҳисси хештаншиносӣ, такмили эҳсоси ватандӯстиву худшиносии миллӣ, тарбияи ҳисси зебоипарастии занону духтарон, тарғиби либосҳои миллии мардумӣ, пешгирии тамоюлҳои бегонапарастӣ бо иштироки занони ноҳия баҳри муаррифии либоси атлас, адрас, чакан ва дигар либосҳои миллӣ намоиши доир гардид. Имрӯзҳо бонувони касбу кори гуногун бо либосҳои миллӣ дар маркази ноҳия ва кӯчаву хиёбонҳои шаҳраку деҳоти он ба сайру гашт баромада, ба шаҳрвандон ва меҳмонони ноҳияи Файзобод либосҳои миллии тоҷиконаро муаррифӣ мекунанд. Воқеан, имрӯзҳо баъзе занону духтарон на танҳо аз ҷаҳлу нодонӣ балки бо ҳадафу ниятҳои ғаразнок фарҳанги бегонаро тарғиб мекунанд. Тақлидкорӣ ба либосҳои ба фарҳангу маданияти мо бегона кори хуб нест, зеро бонувон асолати миллии худро аз даст медиҳанд. Бояд гуфт, ки чунин иқдом ҳамасола дар фасли Баҳор, арафаи Иди Наврӯз ва дигар иду ҷашнҳои миллӣ, аз ҷониби бахши занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия пеш гирифта шуда, ҳадаф аз он муаррифии либоси миллӣ мебошад.

Шарҳи худро гузоред

*

code