ФАЙЗОБОД РОҲИ ДЕҲАИ ДАШТИ МАРЗО МУМФАРШ КАРДА ШУД

print

Ба истиқболи сазовори ҷашни миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Дашти Марзои Ҷамоати деҳоти Қалъаи Дашти ноҳияи Файзобод зиёда аз 1600 м роҳи дорои аҳамияти маҳаллӣ  бо сифати баланд мумфарш гардид.

Роҳи мазкур бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва саҳми соҳибкорони бонангу номус ва дастгирию хайрандешии сокинони деҳа мумфарш гардонида шуд.

Сокинони ватандӯсту бунёдкори ин деҳа бо азму иродаи қавӣ ба таври шабонарӯзӣ заҳмат кашида дар як муддати кӯтоҳ роҳи деҳаи худро асфалтпӯш намуданд.

Маврид ба зикр аст, зимни ба истифода додани роҳи мазкур раиси ноҳия Мансур Каримзода иштирок намуд.

Маврид ба ёдоварист, ки бо дастгирии мақомоти маҳаллӣ ва ҳашари оммавӣ то ин муддат бо шарофати Истиқлоли давлатӣ симои деҳаҳои Ҷамоат ба куллӣ дигар гардида, қомат афрохтани силсилабиноҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, мактабу синфхонаҳои иловагӣ, бунгоҳҳои солимгардонӣ, марказҳои савдову хизмати маишӣ, мағозаҳои молҳои талаботи ҳаррӯза симои  деҳаҳои Ҷамоати деҳоти Қалъаи Даштро диданиву назаррабо гардонидаанд. Бояд гуфт, ки имрӯзҳо ин  амали нек низ бо роҳи ҳашар ва маблағгузории соҳибкорону аҳолии саховатпеша идома дорад.

 

Шарҳи худро гузоред

*

code