Дар шаҳраки 30-солагии Истиқлолияти ноҳияи Файзобод ба ифтихори сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни миллии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ корҳои ободониву созандагиро суръат бахшидаанд. Ҷамоат 8 деҳаро фаро гирифта, 20 ҳазор аҳолӣ дорад. Аҳолӣ аз ҳама бештар ба соҳаи кишоварзӣ майл дошта, имсол кишти рустаниву сабзавот, бахусус картошкаро ба 100 гектар расонданд.
Махсусан, хоҷагии деҳқонии ба номи А. Назиров дар парвариши картошка дасти боло дошта, деҳқонони чашмикордони он на танҳо дар ноҳияи Файзобод, балки берун аз он низ ному овоза доранд. Ба бозор баровардани садҳо тонна картошка далели гуфтаҳои моянд.
Дар шаҳраки 30-солагии Истиқлолият сохтмони биноҳои замонавӣ низ дар авҷ аст. Аз ҷумла, даҳ дукони хӯрокворӣ, нуқтаи фурӯши масолеҳи сохтмон, бинои бонкҳои “Амонатбонк” ва “Ориёнбонк”, ҳашт дорухона, ҳаммому ошхона, корхонаи хурди дӯзандагӣ, бозори “Истиқлол”, бинои чор муассисаи таълимӣ дар деҳаи Фатҳобод гуфтаҳои моро тасдиқ мекунанд.
Соҳибкорон низ дар корҳои ободонӣ саҳм мегиранд. Бахусус, соҳибкори маҳаллӣ Инъом барои насли нав толори варзишиеро сохта ба истифода дод, ки боиси таҳсин аст.
Дар деҳаи Обшорон чойхонаи миллӣ, сартарошхона, дуконҳои хӯроквориву масолеҳи сохтмон, либос мавриди истифодаи мардум асту мушкили онҳоро осон кардааст.
Дар ташкили ин корҳои хуб, албатта, ташаббускории раиси ҷамоат Наврӯз Нуриддинов нақш дорад. Ӯ гуфт: “Ҳоло омодагиҳо барои сохтани корхонаи дӯзандагӣ ҷараён дорад. Баъди ба истифода додани он, 20 зану духтарони ҷамоат соҳиби ҷои кор мешаванд. Ҳамзамон, нақша дорем, ки хонаи маданияти шаҳракро тармиму азнавсозӣ намуда, бо шароити зарурӣ дар хидмати мардум гузорем”.
Дар маҷмуъ, метавон гуфт, ки масъулон ва мардуми ҷамоат бо шиори “Ватансозӣ аз маҳалла оғоз мешавад!” пайи зебову ороста кардани як гӯшаи диёр ҳастанд. Дар ин ҷода, ҳамбастагии онҳо қобили ситоиш аст.
Ҳоким САФАР,
Аълочии матбуоти Тоҷикистон,
ноҳияи Файзобод