5 август Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ва раиси нощияи Файзобод Мансур Каримзода бо раванди сохтмони иншооти соҳаи тандурустӣ дар ноҳия шинос гардиданд.
Дар ноҳия сохтмони иншооти соҳаи тандурустӣ, иборат аз маркази ташхису табобатии 3-ошёна, таъмири бинои беморхонаи марказӣ ва шуъбаи таваллуд дар назди беморхонаи марказӣ идома дорад. Бояд ёдовар шуд, ки ин иншоот дар доираи лоиҳаи «Хизматрасонии маҷмуӣ барои модар ва кӯдак» бо муосиртарин дастгоҳу лавозимоти тиббӣ муҷаҳҳаз гардонида мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки иншооти бунёд ва навсозишавандаи тиббии ноҳияи Файзобод дар арафаи 34-солагии Истиқлоли давлатӣ ба истифода дода мешаванд.