Тақдими шоҳасари безаволи ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ «Шоҳнома» ба сокинони ноҳияи Файзобод оғоз гардид.
Бояд гуфт, ки «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ чанде пеш бо теъдоди 33124 нусха барои тақдим ба 16562 хонавода ба файзобод ворид карда шуд. Ин иқдом ба ифтихори 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шудаааст. Ҳамзамон, китоби мазкур аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод гурӯҳи корӣ ташкил гардид, ки аъзои он дар остонаи ҷашни миллии Истиқлоли давлатӣ ин туҳфаи арзишманди Сарвари давлатамонро ба ҳар хонавода тақдим доранд.
Бояд гуфт, ки китоби «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ яке аз асарҳои безаволи адабиёти тоҷику форс буда, арзишҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва маънавии миллати тоҷикро инъикос менамояд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки мутолиаи чунин китобҳо барои худшиносӣ, худогоҳӣ ва ифтихори миллӣ аҳамияти калон дорад. Китоб дар нашриёти “Шарқи озод”- и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду ҷилд бо теъдоди 1 миллиону 700 ҳазор нусха нашр гардида, мувофиқи дастури Сарвари давлат ба ҳар як хонавода дастрас карда мешавад.
Боиси хурсандист, ки сокинони меҳандӯсти ноҳияи Файзобод «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ- китоби тарғибкунандаи ватандӯстию худшиносии миллиро бо шодию фараҳ қабул карда, барои тақдими он ба Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи сипос намуданд.