РОҲИ ДЕҲАИ ҚАЛЪАИ ДАШТ МУМФАРШ МЕГАРДАД
Дар деҳаи Қалъаи дашти Ҷамоати деҳоти Қалъаи дашт ноҳияи Файзобод корҳои мумфаршкунии роҳи дохилии деҳа оғоз ёфт. Ин иқдом дар доираи ободонию созандагӣ бахшида ба Ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, нишонаи равшани саҳми шахсони саховатпеша ва сокинони деҳа дар ободии диёр маҳсуб мешавад.
Корҳои мумфаршкунии роҳ бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, саҳми соҳибкорон ва аҳолии деҳа ба роҳ монда шуда, тибқи нақша роҳи дохилии деҳа бо сифати баланд мумфарш хоҳад шуд.
Иқдоми мазкур на танҳо мушкилоти нақлиётии сокинонро бартараф хоҳад кард, балки симои зебои деҳаро боз ҳам ҷилотар намуда, муҳити муносиб барои зиндагӣ ва рушди иҷтимоиву иқтисодӣ фароҳам меорад.
Сокинони деҳа аз ин иқдоми ободкорона истиқбол намуда, изҳори сипосу қаноатмандӣ аз дастгирии доимии мақомоти маҳаллӣ ва саҳмгузории саховатмандон доранд.
