ЭЪЛОН
Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО Роғун» бо мақсади ҷалби маблағгузорӣ барои идомаи корҳои сохтмонии иншооти НБО «Роғун» бо ташкилотҳои молиявии байналмиллалии маблағгузор, шарикони рушд ва Бонки Умумиҷаҳони роҷеъ ба дастгирӣ дар амалӣ гардонидани Лоиҳаи «Маблағгузории устувор барои анҷоми сохтмони нерӯгоҳи барки обии Рогун» ҳамкорӣ намуда истодааст.
Дар ин раванд, тибқи талаботи ташкилотҳои болозикр Ҳисоботи навшудаи “Арзёбии таъсири экологӣ ва иҷтимоӣ (АТЭИ)-и лоиҳаи НБО «Роғун», Нақшаи амалиёти кӯчонидани аҳолии марҳилаи дуюми минтақаи зериобшаванда ва Нақшаи барқарорсозии воситаҳои рӯзгузаронӣ омода гардида, аз ҷониби мушовирони Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншоотҳои энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутахассисони Мудирият бо иштироки коршиносони Бонки Умумиҷаҳонӣ бо аҳолии кӯчонидашаванда, зери таъсири лоиҳа қарордошта ва манфиатдор вохӯриҳои оммавӣ пешбинӣ гардида, Ҳисоботҳо муаррифӣ мегарданд.
Дар вохӯриҳо, ки санаи 4 сентябр соати 9 ба нақша гирифта шудааст, иштироки раисони Ҷамоати деҳот ва шумораи то 45-50 нафар муҳоҷирони минтақаи зериобшаванда ва аҳолии маҳаллӣ ҳатмӣ мебошад.