ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ФАЙЗОБОД

print

Санаи 24.11.2025 дар маркази ноҳия роҳпаймоии осоиштаи сокинон, ҷавонони касбу кори гуногун ва дар толори Филармонияи халқии ноҳия ба номи Нигина Раупова бо иштироки раиси ноҳия, сардорони сохторҳои қудратӣ, кормандони бахшу идораҳои назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва сокинони ноҳия чорабинии фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошукӯҳу шаҳомати хоса баргузор гардид.
Дар роҳмаймоӣ роҳбарияти ноҳия, роҳбарони сохторҳои тудратии ноҳия, масъулин ва кормандони дастгоҳи раиси ноҳия,гирандаи стипендияи президентӣ ва раиси ноҳия, ғолибону иштирокчиёни озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, «Илм – фурӯғи маърифат», гурӯҳи ҷавонон – донишҷӯёни «Пайравони Пешвои миллат” ва бахши ҷавонони ноҳия, инчунин, варзишгарон, иштирок намуда, бо бардоштани Парчам, ҳамчун нишонаи давлатдории миллӣ, истиқлолу озодӣ, арзиши бебаҳои миллӣ ва ҳамчун ифтихори ҷавонони саодатманд ба ҷо оварданд.
Сипас, дар Филармонияи халқии ноҳия бо садо додани Суруди миллӣ чорабинӣ оғоз шуд. Раиси ноҳия Каримзода Мансур Тағой иброз дошт: “24-уми ноябр дар саросари ҷумҳурӣ Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатиро дар баробари Нишон ва Суруди миллӣ яке аз рамзҳои давлатии Тоҷикистон эътироф намудааст ва он чун рукни асосии муқаддаси миллӣ таҳти ҳимояи қонун қарор дорад.
Иброз гардид, ки Парчами давлатӣ симои миллии давлатро дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамояд. Пос доштан ва ҳимоя кардани Парчами миллӣ пос доштан ва ҳимоя кардани Ватан, таъриху суннатҳои халқу давлат маҳсуб мешавад.
Парчам ба сифати рамзи давлату миллат аз рӯзгорони қадим мавҷуд буд ва аз ҳастии давлату миллат дарак медод. Парчамро аз замонҳои қадим дар ҷангу муҳорибаҳо парчамбардорон пешопеши лашкар мебурданд ва ба дасти душман афтидани парчам нишони шикасту мағлубияти давлат ба ҳисоб мерафт.
Дар таърихи халқи тоҷик афрохтани парчам ҳамчун рамзи барҳам задани пояи ҷабру бедодӣ, натиҷаи талошу мубориза барои ба даст овардани озодиву истиқлол ва нишони қудрату тавоноӣ арзёбӣ мешавад. Ба ин тасвири уқоб дар парчам ё ливои Куруши Кабир чун рамзи давлати неруманд, ливои Коваи оҳангар чун талошу мубориза ва ҷоннисориҳои ниёгони мо барои озодиву истиқлол мисол шуда метавонанд.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлоисияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуда, ҳамасола дар ҷумҳурӣ 24 ноябр чун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мешавад. Ин далели арҷгузорӣ ба гузаштаи хеш ва тарбия кардани насли наврас мебошад.
Ҳамзамон, дар чорабинӣ бо як қатор фаъолони ноҳия ва собиқадорони касбу кори гуногун сипоснома ва туҳуфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод супурда шуд.
Инчунин, роҳпаймоии идона сурат гирифт. Ҳамчунин, дар ҳамоиш аз тарафи ҳунармандони ноҳия ва ҷумҳурӣ комсерти идона доир гардид, ки бо сурудҳои ватандӯстӣ дили аҳли толоро шод гардониданд.

Шарҳи худро гузоред

*

code