Имрӯз, 26- уми ноябри соли равон дар деҳаи Очилдии Ҷамоати деҳоти Қалъаи Дашт бо иштироки муовини раиси ноҳия Ҷунайдулло Каримзода оид ба корҳои таблиғотию ташвиқотӣ бобати пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, пешгирии қонунвайронкуниҳо байни ҷавонон, хурофотпарастӣ, мубориза бар зидди гардиши маводи мухаддир, сарфакорона истифода бурдани неруи барқ ва дигар масъалаҳои муҳим бо раисони кумитаи маҳалаҳо, фаъолони деҳа, ходимони дин ва сокинони русто вохӯрӣ доир гашт.
Ҷунайдулло Каримзода, дар вохӯрӣ вобаста ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, истифодаи дурусти фарҳанг, бахусус фарҳанги телефонҳои мобилӣ, пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, роҳ надодан ба таълимоти ғайрирасмии динӣ, тақвият бахшидани ҳисси худшиносию худогоҳӣ ва ватандӯстӣ, риояи намудани танзими анъана ва ҷашну маросим суханронӣ карданд. Иброз гардид, ки интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз воситаҳои асосие мебошанд, ки гурӯҳу ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ бо истифода аз онҳо ва паҳн кардани ҳар гуна сабтҳои видеоӣ ва наворҳои таблиғотӣ шахсони алоҳида, хусусан наврасону ҷавононро, ки ҳолати равониашон ҳанӯз комил нест, ба сафи худ ҷалб менамоянд. Барои ба доми фиреби онҳо наафтодан наврасону ҷавононро зарур аст, ки фарҳанги истифодаи интернет, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоӣ ва манфиату зарари онҳоро донанд, аз интернет самаранок ва мақсаднок истифода бурда, донишҳои техникию технологиашонро мустаҳкам намоянд.
Дар вохӯрӣ таъкид гардид, ки вазифаи аслии мо васеъ намудани доираи ҷаҳонбинии ҷавонон аст, то онҳо ба доми хурофотпарастон, террористону ифротгароён наафтода, ҳамчун ҷавонони ватандӯсти асил ба воя расанд, барои ҳимояи Ватан ҳамеша омода ва ифтихор аз Тоҷикистон дошта бошанд. Ҷавонони мо бояд дар баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум саҳми арзанда гузошта, пеши роҳи қонунвайронкуниҳоро бигиранд.
Ҳамчунин, дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарфакорона истифода бурдани неруи барқ, корҳои ободонию созандагӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, бунёди муассисаҳои томактабӣ ва дираг масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зимни баргузории вохӯрӣ бо сокинон масъалаи маҳдудияти барқ шарҳу тавзеҳ дода шуда, сабабҳои воқеии норасоии барқ гуфта шуд, ки (гармшавии иқлим – моҳи якуми зимистон ба охир мерасад, лекин ҳаво ҳанӯз гарм аст, паст шудани сатҳи обанборҳо, хусусан обанбори НБО “Норак” аст). Аз ин рӯ, сокинонро мебоист барқро самаранок истфода бурдан аз қувваи барқ ва сабру таҳаммул дар баробари ин мушкилоти муваққатӣ, зеро то соли 2027 пурра маҳдудияти барқ дар кишвар бартараф хоҳад гардид. Инчунин, дагар намояндагон баромад карда иброз доштанд, ки дар ин давраи бисёр ҳам печида ва ҳассоси тағйирёбии вазъи сиёсии ҷаҳон ва минтақа ҷавононро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, фирефтаи ҳар гуна гурӯҳҳои манфиатҷӯ нагарданд. Аз ин рӯ, падару модарон бояд фарзандонро ба хизмати Ватан-Модар омода намоянд. Чунки хизмат дар сафи Артиши миллӣ барои ҳар ҷавони худогоҳи тоҷик шарафи бузург аст. Хизмати ҳарбӣ ҷавононро обутоб дода, солиму неруманд мегардонад ва онҳо минбаъд дар зиндагӣ устуворона қадам мениҳанд. Гуфта шуд, ки дар ҷомеаи мо нафароне ҳастанд, ки дар либоспӯшӣ ба фарҳанги бегона такя намуда, аз доираи арзишҳои миллии худ берун мераванд. Дар воқеъ, ин рафтори онҳоро, агар аз як тараф, ба огоҳ набудан аз анъанаҳои суннатии либоспӯшии гузаштагони мо шарҳ дода шавад, аз тарафи дигар, бемасъулиятии комил зоҳир намудани онҳо дар либоспӯшӣ ба ҳисоб меравад. Ба марҳилаҳои гуногуни таърихи ҳалқамон назар афканем сару либоси занону бонувони тоҷик дар ҳеҷ давру замон тақлиди кӯркӯронаи идеалҳои динҳои гуногун набуд, баръакс либосҳои исломии миллишудаи тоҷикон падидаи арзишманде буданд, ки дар баробари мансубияти диниро таҷассум кардан ҳуввияти миллии моро низ барҷаста нишон медоданд.