Табрикоти раиси ноҳияи Файзобод Мансур Каримзода ба муносибати Рӯзи кормандони мақомоти амнияти миллӣ

print

Муҳтарам кормандон ва собиқадорони соҳа, ҳамаи шуморо ба муносибати Рӯзи кормандони мақомоти амнияти миллӣ табрик намуда, бароятон тансиҳатӣ, саодатмандӣ ва рӯзгори осударо орзумандам.
Мақомоти амнияти миллӣ яке аз ниҳодҳои калидии давлатӣ буда, дар таъмини амнияти шахс, ҷамъият ва давлат нақши муҳим доранд. Бо ифтихор кулли кормандон ва собиқадорони соҳаро ба муносибати Рӯзи кормандони мақомоти амнияти миллӣ самимона муборакбод мегӯям.
Хизмати софдилона, ҳушёрӣ, касбият ва садоқати Шумо ба Ватан омили асосии сулҳ, субот ва оромии ҷомеа мебошад. Маҳз ба шарофати заҳмати шабонарӯзии Шумо амнияти миллӣ ва манфиатҳои давлат боэътимод ҳифз мегарданд.
Боиси ифтихори бузург аст, ки хизматчиёни ин ниҳод ҳамеша зери таваҷҷуҳи ғамхоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, баҳри фаъолияти бемамониати онҳо тамоми имконияту шароит фароҳам оварда шудааст.
Итминон дорем, ки чунин боварӣ ва эътимод аз ҷониби роҳбарияти кишвар ва мардуми шарафманди мамлакат ба азму ирода ва тасмими кормандони амният, руҳу илҳоми тоза мебахшад.
Бори дигар ҳамаи шуморо бо ин рӯз табрик намуда, дар иҷрои вазифаҳои масъулиятноку пуршарафатон комёбиҳо таманно дорам.
Рӯзи кормандони мақомоти амнияти миллӣ муборак!

Шарҳи худро гузоред

*

code