Тибқи дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба назди интихобкунандагони худ сафар намуда як зумра вохӯриҳо баргузор намуда истодаанд.
Дар ноҳияи Файзобод низ чунин вохӯрии судманд бо фаъолону сокинони ноҳия доир гардид.
Дар чорабинии мазкур вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ Ғанизода Шӯҳрат, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наҷмиддиниён Асадулло аз ҳавзаи якмандатӣ интихоботии Файзобод 11, раиси ноҳия Мансур Каримзода, муовинони раиси ноҳия ва фаъолону сокинони ноҳия иштирок доштанд.
Вохӯриро раиси ноҳия ифтитоҳ намуд. Сипас, вакилон доир ба самтҳои асосии Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози андеша карда татбиқи амалии онро ҷиҳати таҳкими рукнҳои давлатдории миллӣ, рушди илму маориф, иқтисоди кишвар муҳим арзёбӣ намуданд.
Аз ҷумла, вакилон иброз доштанд, ки зимни ироаи Паём Президенти Тоҷикистон Ҳукумати мамлакатро вазифадор намуданд, ки минбаъд низ ба масъалаҳои баланд бардоштани гуногунсамтиву рақобатнокии иқтисоди миллӣ, густариши раванди татбиқи «иқтисоди сабз», истифодаи технологияҳои инноватсионӣ ва рушди неруи инсонӣ афзалият дода, дар ин замина рушди устувору сифатноки иқтисоди миллиро таъмин намояд. Гуфта шуд, ки моро зарур аст, ки Паёми Сарвари давлатро сармашқи фаъолияти худ қарор дода, ҷиҳати иҷрои саривақтии нақшаи чорабиниҳои Паём тадбирҳои заруриро амалӣ намоем, афзуд вакил дар хатми суханронияш.
Ҳамзамон, гуфта шуд, ки ҳадаф аз баргузор намудани суҳбату вохӯрӣ ин баррасӣ намудани суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иҷрои талаботҳои қонунгузорӣ ва дастовардҳои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.