Ҳамдиёрони арҷманд!
Инак Соли нави мелодии 2026 фаро мерасад. Мардуми меҳнатдӯст ва сарбаланди ноҳия чун дигар минтақаҳои кишвар соли сипаригардидаро бо дастовардҳои назаррас ҷамъбаст намуда, соли навро бо умеду орзуҳои нек истиқбол мегиранд.
Боиси хушҳолист, ки мову шумо фарорасии Соли нави мелодиро дар фазои осоиштагиву субот, ваҳдату ҳамдилӣ ва бо дастовардҳои назарраси меҳнатӣ истиқбол мегирем.
Ба ин муносибат Шумо, сокинони сарбаланди ноҳияи Файзободро ба ифтихори Соли нави мелодии 2026 самимона шодбош гуфта, бароятон сарбаландӣ, саодатмандӣ ва дар зиндагию фаъолияти созандаатон барору муваффақиятҳои беназир таманно дорам.
Дар соли сипаришаванда раванди корҳои ободониву созандагӣ дар Ватани маҳбубамон таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври дастаҷамъонаву ҳадафманд тақвият ёфтанд. Дар ин раванди муҳим бо мақсади татбиқи нақшаҳои стратегии мамлакат ва таҳкими иқтидори иқтисодиву иҷтимоии давлатамон бо қадамҳои устувор пеш рафтем.
Аҳли заҳмат ва кулли сокинони сарбаланди ноҳияи Файзобод дар ин раванд бо масъулияти баланди шаҳрвандӣ софдилонаву ватандӯстона заҳмат кашида, дар татбиқи нақшаҳои созандаи давлат ба хотири пешрафту ободии Ватани азизамон ба ҳадди имкону тавоноӣ саҳм гузоштанд.
Баргузории чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ, натиҷаҳои самаровари сафари кории Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Файзобод ва дар ин замина бунёди даҳо иншооти таъиноти гуногун бо таъсиси садҳо ҷойи нави корӣ ба баланд гардидани сатҳу сифати зиндагии сокинони ноҳия мусоидат намуд.
Маврид ба зикри хос аст, ки фаъолон ва меҳнаткашони ноҳияи Файзобод дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллатро, ки дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зимни сафари корӣ дар ноҳия баён доштанд, дар меҳвари фаъолияти худ қарор дода, ҷиҳати сазовор истиқбол намудани ҷашни муқаддаси миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ тамоми самтҳои муҳими хоҷагии халқи ноҳия таҳким бахшида шуданд.
Вобаста ба ин, дар доираи нақшаи корҳои ободониву созандагӣ бо ташаббусҳои шоиста ва дастгирии ташкилоту корхонаҳои давлатӣ, бахши хусусӣ, соҳибкорони ватандӯст, шахсони саховатпеша ва мардуми шарафманди ноҳия иншооту биноҳои хуштарҳи истеҳсоливу иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ба истифода дода шуда, ба ҳалли аксари мушкилоти иҷтимоии аҳолӣ мусоидат намуданд.
Мардуми худшиносу ватандӯсти ноҳия дар сиёсати муваффақу бобарори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, собитқадам ва устувор буда, рушду пешрафт ва таъмини зиндагии шоистаро ба заҳматҳои бесобиқа ва хизматҳои мондагори Пешвои миллат мансуб медонанд.
Итминон дорем, ки сокинони ноҳияи Файзобод бо бардошт аз дастуру ҳидоятҳое, ки дар Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ санаи 16-уми декабри 2025, оид ба самтҳои гуногуни сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат ироа гардид, дар соли нави 2026 барои вусъати корҳои бунёдкориву созандагӣ, рушди минбаъдаи соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, таъмини ҷойҳои нави корӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ, рушди соҳаҳои маориф, фарҳанг, баланд бардоштани маърифати зеҳнии насли наврас бо назардошти элон гардидани солҳои 2025-2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия”, Соли 2026 эълон гардидани “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” ва маҷмуан ҷиҳати сифатан беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум пурмаҳсул заҳмат кашида, бо меҳнати созандаи худ дар рушди маҳал саҳми муносиб хоҳанд гузошт.
Бо ҳамин нияти нек, бори дигар Шумо, сокинони соҳибсаодати ноҳиярро ба муносибати фарорасии Соли нави мелодӣ табрику таҳният гуфта, бароятон сиҳатмандиву рӯзгори осуда, бахти пояндаву иқболи нек ва зиндагии пурфайзу бобаракат орзу менамоям.
Соли нави мелодӣ муборак бошад, ҳамдиёрони азиз!