ҶАМБАСТИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ НОҲИЯИ ФАЙЗОБОД ДАР СОЛИ 2025 ВА ВАЗИФАҲО БАРОИ СОЛИ 2026

print

Санаи 10- уми январи соли 2026, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод бо иштироки роҳбари гурӯҳи кории омодагӣ ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода ва раиси ноҳия Мансур Каримзода ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026 баргузор гардид.
Дар кори маҷлис муовини якум, муовинони раис, мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раис, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, корхонаю муассисаҳо, директорони муассисаҳои таълимию томактабӣ, имомхатибон, раисони кӯчаю маҳалла ва васоити ахбори омма иштирок намудаанд.
Муовини аввали раиси ноҳия Аскар Саидзода, доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар соли 2025 гузориш дод.
Бо таҳлили вазъи соҳаҳо раиси ноҳия барои ҷалби аҳолӣ ба корҳои ободониву созандагӣ, тарбияи наврасону ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, ба таҳсили пурра фаро гирифтани кӯдакону наврасон, пешгирии зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла бегонапарастӣ, тарғиби фарҳангу либоси миллӣ, бунёди майдончаҳои варзишӣ ва ҷалби наврасону ҷавонон ба тарбияи ҷисмонӣ, ташкили озмунҳои китобхонӣ, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо китобҳои дарсӣ, иҷрои нақшаи даъвати ҳарбӣ, истифодаи самараноки замин, риояи структураи кишти зироатҳо, фаъолсозии пойгоҳҳои обкашӣ, иҷрои нақшаи кишти пахтаву картошка, таъмини рушди соҳаи саноат, бунёди корхонаҳои нав ва ташкили ҷойҳои нави корӣ, истифодаи иқтидорҳои истеҳсолӣ, иҷрои нақшаи андозҳо, беҳтар намудани фаъолияти муассисаҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ, пешгирии вайроншавии оилаҳо ба муовинони раиси ноҳия ва роҳбарону фаъолон супоришҳои мушаххас доданд.
Инчунин, таваҷҷуҳи масъулини соҳаҳо ба ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, иҷрои босифати буҷет, таъмини нақшаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, омода намудани заминҳо ба мавсими кишти такрорӣ, вусъати корҳои ободонӣ ба муносибати Ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бунёди муассисҳои таълимӣ ва дигар мавзуъҳо ҷалб карда шуд. Ҳамчунин, дигар масъалаҳои муҳими рӯз баррасӣ гардида ба масъулин тавсияҳо дода шуд.
Дар анҷом раиси ноҳияи Файзобод Мансур Каримзода иброз доштанд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва роҳбарону ташкилоту муассисаҳо барои иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ менамоянд, то ба натиҷаҳои беҳтару бештар ноил гарданд.

Шарҳи худро гузоред

*

code