ВОХӮРИИ БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ ФАЙЗОБОД

print
Санаи 3-уми феврали соли 2026 тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод, дар ҳамкорӣ бо намояндагони дигар шуъбаи бахшҳои ноҳия ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳия дар толори Филармонияи халқии ноҳияи Файзобод ба номи Нигина Раупова ва сокнинони ноҳия вохӯрӣ доир гардид.
Дар вохӯрӣ роҳбари гурӯҳи кории омодагӣ ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ Бахтиёр Худоёрзода, раиси ноҳия Мансур Каримзода, роҳбарони сохторҳои қудратии ноҳия ва дигар намояндагон иштирок доштанд.
Зимни вохӯрӣ оид ба корҳои таблиғотию ташвиқотӣ бобати пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, пешгирии қонунвайронкуниҳо байни ҷавонон, хурофотпарастӣ, фарҳанги сарфакорона истифода бурдани неруи барқ, таблиғу ташвиқ ва шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, баланд бардоштани мафкураи зиддикоррупсионӣ ва маърифати ҳуқуқии командон, пешгирӣ намудани содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, ва дигар масъалаҳои муҳим мавриди барраси қарор гирифт. Масъулин вобаста ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, истифодаи дурусти фарҳанг, бахусус фарҳанги телефонҳои мобилӣ, пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, роҳ надодан ба таълимоти ғайрирасмии динӣ, тақвият бахшидани ҳисси худшиносию худогоҳӣ ва ватандӯстӣ, риояи намудани танзими анъана ва ҷашну маросим суханронӣ карданд. Гуфта шуд, ки вазифаи аслии мо васеъ намудани доираи ҷаҳонбинии ҷавонон аст, то онҳо ба доми хурофотпарастон, террористону ифротгароён наафтода, ҳамчун ҷавонони ватандӯсти асил ба воя расанд, барои ҳимояи Ватан ҳамеша омода ва ифтихор аз Тоҷикистон дошта бошанд. Ҷавонони мо бояд дар баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум саҳми арзанда гузошта, пеши роҳи қонунвайронкуниҳоро бигиранд.
Ҳамчунин, дар рафти мулоқот масъалаҳои даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарфакорона истифода бурдани неруи барқ, корҳои ободонию созандагӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, бунёди муассисаҳои томактабӣ ва дираг масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Шарҳи худро гузоред

*

code