ФАЙЗОБОД: БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ ДАЪВАТИ БАҲОРӢ ДАР СИТОДИ НОҲИЯВӢ

print

Санаи 17- уми феврали соли 2026, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ситоди ноҳиявӣ оид ба даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Дар кори ситод прокурори ҳарбии гарнизони Душанбе Шарифзода Шӯҳрат, раиси ноҳия Мансур Каримзоад, муонини раиси ноҳия, раиси комиссияи даъвати ноҳияи Файзобод Ҷунайдулло Каримзода, комиссари ҳарбии ноҳия ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, сардорони як қатор раёсатҳо, шуъбаю бахшҳои назди мақомот ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.

Дар ситод масъалаҳои пешгирӣ аз омилҳои шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, баланд бардоштани сатҳи даъвати ҷавнон ба хизмати ҳарбӣ дар давраи даъвати баҳории соли 2026 барррасӣ гардиданд.

Таъкид шуд, ки мавсими даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз чорабиниҳои муҳими сиёсию ташкилӣ маҳсуб ёфта, барои саривақт иҷро кардани нақшаи пешбинишуда, ҷалби ҷавонон ба адои хизмати ҳарбӣ, ба роҳ мондани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастии ҷавонон, дар руҳияи худшиносию худогоҳӣ тарбия кардани онҳо аз ҳар яки дар шаҳравнди ноҳия вобастагӣ дорад.

Зимни муҳокимаи аз ҷониби комиссариати ҳарбӣ, ҳайати комиссияи тиббӣ, раисони кумитаҳои маҳалла ва масъулини мизҳои ҳарбии ҷамоатҳо пурсиш ба амал оварда шуда, дар назди масъулини вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.

Инчунин, дар ҷаласа масъулон бо раисони ҷамоатҳо, мизҳои ҳарбӣ ва дигар масъулони даъват, оиди корҳои фаҳмондадиҳӣ дар рафти фаъолиятӣ корӣ, пешгирӣ аз ҳолатҳои хавфи коррупсионӣ ва даст назадан ба дигар қонуншиканиҳо сухан гуфтанд.

Мансур Каримзода баён кард: “Ҷиҳати иҷрои саривақтии даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамаи масъулинро зарур аст, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷудаи деҳот барои саривақт ва босифат иҷро кардани нақшаи даъвати наваскарон тамоми ҷораҳои заруриро роҳандозӣ намоянд”.

 

Шарҳи худро гузоред

*

code