Дастгирӣ ва ғамхорӣ нисбат ба бонувону занон дар меҳвари асосии сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати мо қарор гирифта, масъалаи баланд бардоштани нақш ва мақоми занону бонувон зери таваҷҷуҳи доимии Роҳбари давлат қарор дорад.
Маҳз бо ташаббус ва ғамхориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири гиромидошти мақому манзалати занон дар кишвар 8 – уми март ҳамчун Рӯзи Модар эълон гардид.
Мақому манзалати волои модар, заҳмату шабзиндадориҳои ӯ ва рафтори неку пурмуҳаббаташ нисбат ба наслҳои башарият боис гардид, ки модарро ҳамчун бузургтарин ва муқаддастарин инсон ҳамеша дӯст доранд ва азиз шуморанд.
Раиси ноҳияи Файзобод Мансур Каримзода, дар асоси дастуру супоришҳои Сардори давлат дастгирии занонро дар мадди аввал гузошта, баҳри кумаку ғамхории онҳо ҳамеша ёри мерасонанд.
Ҳамин аст, ки др арафаи Иди Модар санаи 4-уми марти соли равон раиси ноҳия Мансур Каримзода ба аёдати занони собиқадор ва модарони куҳансоли ҷамоатҳои деҳоти Бӯстон ва Меҳробод рафта, онҳор ба муносибати Рӯзи Модар шодбош гуфта, ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ супурд.
Зимни дидорбинӣ таъкид карда шуд, ки модар қиматтарин неъмати рӯи дунё, сарчашмаи муҳаббати беканор, чашмаи мусаффо ва махзани ганҷи фарзанд, ҳимматбаландтарин шахси башарият аст. Ҳамчунин, дар хусуси таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба занону модарон ва баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа изҳори назар карда шуд.
Гуфта шуд, ки бо тантанаву шукӯҳи хосса ҷашн гирифтани Рӯзи Модар нишонаи эътибору эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати кишвар, хосса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба модарону бонувон мебошад. Зеро нақши онҳо дар ободии хонадон, тарбия кардану ба воя расонидани фарзандон, ба онҳо омӯзонидани забони модарӣ, одобу маънавиёт, парвариши эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳӣ, ҳисси миллӣ ва ифтихори ватандорӣ беназир аст.
Ҳамзамон, модарони рӯзгордида ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ғамхорӣ ба занону модарон арзи миннатдорӣ намуданд.
Раиси ноҳия модарони азизу арҷмандро ба муносибати Рӯзи модар самимона табрик карда, ба аҳли хонаводаи онҳо бахту саодат, ободиву осоиш ва хушҳоливу хушрӯзӣ орзу карданд.