ФАЙЗОБОД: АЁДАТИ МОДАРОН БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАР

print

Мақому манзалати волои модар, заҳмату шабзиндадориҳои ӯ ва рафтори неку пурмуҳаббаташ нисбат ба наслҳои башарият боис гардид, ки модарро ҳамчун бузургтарин ва муқаддастарин инсон ҳамеша дӯст доранд ва азиз шуморанд.

Санаи 5- уми марти соли 2026 бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои шоиста ва заҳматҳои бисёрсолаи модарони рӯзгордида, бахшида ба таҷлили Рӯзи Модар, раиси ноҳия Мансур Каримзода, ба аёдати  модарони куҳансоли ҷамоатҳои шаҳраки Вашгирд, деҳоти Ҷавонон ва деҳоти ба номи Дӯстмурод Алиев рафтанд аз вазъи саломатӣ ва рӯзгори  модарон пурсон шуданд.

  Зимни дидорбинӣ таъкид карда шуд, ки модар қиматтарин неъмати рӯи дунё, сарчашмаи муҳаббати беканор, чашмаи мусаффо ва махзани ганҷи фарзанд, ҳимматбаландтарин шахси башарият аст. Ҳамчунин, дар хусуси таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба занону модарон ва баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа изҳори назар карда шуд.
Гуфта шуд, ки бо тантанаву шукӯҳи хосса ҷашн гирифтани Рӯзи Модар нишонаи эътибору эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати кишвар, хосса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба модарону бонувон мебошад. Зеро нақши онҳо дар ободии хонадон, тарбия кардану ба воя расонидани фарзандон, ба онҳо омӯзонидани забони модарӣ, одобу маънавиёт, парвариши эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳӣ, ҳисси миллӣ ва ифтихори ватандорӣ беназир аст.

  Таъкид гардид, ки эҳтиром ва қадршиносии модар,  қарзи виҷдонӣ ва масъулияти маънавии ҳар як фарди ҷомеа ба шумор меравад. Гуфта шуд, ки саҳми модарон дар тарбияи насли солим, таҳкими пояҳои ахлоқиву фарҳангӣ ва рушди ҷомеа беназир буда, меҳру муҳаббат ва дуои неки онҳо сарчашмаи баракату саодати зиндагӣ мебошад.

Раиси ноҳия дар идома ба модарони гиромӣ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардида, ба онҳо сиҳатмандии бардавом, рӯзгори осуда ва хотири ҷамъ таманно карданд.

Шарҳи худро гузоред

*

code