Модарон ва бонувони азиз!
Бо камоли эҳтиром ва самимияти афзун аз номи худ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ҳамаи Шумо хоҳарон, бонувону модарони ноҳияро ва дар симои Шумо тамоми модарони кишварро ба ифтихори Рӯзи Модар, ки ҳамасола дар кишвари азизамон бо шукӯҳу шаҳомати хосса ва арҷгузории беандоза нисбат ба Зан – Модар ҷашн гирифта мешавад, табрик намуда, ба ҳар яки Шумо тансиҳатию хушбахтӣ ва рӯзгори ободро таманно дорам.
Бояд гуфт, ки заҳматҳои беназири Зан – Модар дар ҳаққи фарзанд, инчунин, ба хотири ободиву оромии кишвар моро водор месозад, ки қадру қиммат ва ҳурмату эҳтироми ӯро ҳамеша ба ҷо орем ва барои ӯ шароити мусоиде омода кунем, ки дар баробари фаъолияти созандааш фарзандони солиму соҳибмаърифатро тарбия намояд.
Дастгирӣ ва ғамхорӣ нисбат ба бонувону занон дар меҳвари асосии сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати мо қарор гирифта, масъалаи баланд бардоштани нақш ва мақоми занону бонувон зери таваҷҷуҳи доимии Роҳбари давлат қарор дорад.
Маҳз бо ташаббус ва ғамхориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири гиромидошти мақому манзалати занон дар кишвар 8-уми март ҳамчун Рӯзи Модар эълон гардид.
Мақому манзалати волои модар, заҳмату шабзиндадориҳои ӯ ва рафтори неку пурмуҳаббаташ нисбат ба наслҳои башарият боис гардид, ки модарро ҳамчун бузургтарин ва муқаддастарин инсон ҳамеша дӯст доранд ва азиз шуморанд.
Зан – Модар чароғи зиндагист, зеро ҳастии худро барои адои рисолати бузурги инсонӣ – офараниши ҳаёти башар, пайванди наслҳо ва рушду камоли фарзанд равона месозад.
Бори дигар, дар остонаи фасли зебои эҳёи табиат ва баҳори эъҷозкор ҳамаи модарону бонувони ноҳияро ба муносибати Рӯзи Модар табрик гуфта, ба ҳар яки онҳо хонаи ободу осуда, бахту саодат ва зиндагии хушу гуворо таманно дорам.
Ҷашн муборак, бонувони азиз!