Дар ноҳия чорабинии Рӯзи даъватшаванда бо шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор гардид. Дар ҳамоиш ҷавонони зиёди синни даъватӣ бо дуои неки падару модарон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рафтанд.
Иброз гардид, ки Ватанро мисли модари хеш дӯст доштан ва чун гавҳараки чашм эҳтиёт намудан қарзи ҳар фарзанди миллат аст. Ватан муқаддастарин ганҷи ҳастӣ ва истиқлол неъмати бебаҳои миллат аст. Хизмат дар сафи Артиши миллӣ барои ҷавонон мактаби ҳаёт ва ҷасорату мардонагӣ мебошад. Онҳо маҳз дар давраи хизмати аскарӣ имкон доранд, ки моҳияти мафҳуми Ватан, давлат ва миллатро ба хубӣ дарк карда, сабақи далериву шуҷоат ва садоқат омӯзанд. Ҷавонони бономуси ноҳияи Файзобод моҳияти ин суханҳоро хуб дарк намуда, имрӯз ҷамъ омаданд, то ба хизмат рафта, дар назди Ватан – Модар қарзи фарзандиашонро иҷро намоянд.
Волидайни ҷавонони ихтиёрӣ азми хизмати Ватаннамуда иброз доштанд, ки имрӯзҳо дар қисмҳои низомии мамлакат шароити хуб муҳаё гардидааст ва фарзандони мо обу тоб ёфта, ба Ватан хизмат намуда, сарбаландона ба диёрамон бармегарданд. Аз ин рӯ, ҳар падару модар бояд фарзандонро барои ҳифзи Ватан, номус ва обрӯйи давлату миллат тарбия намояд ва сарбаландона онҳоро ба сафи Артиши миллӣ гусел карда, вазифаи шаҳрвандияшро иҷро кунад.
Дар даъвати баҳорӣ аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ва Вазорати мудофиаи Тоҷикистон 70 ҷавони синни даъват даври омӯзишии ронандагии Ташкилоти ҷамъиятии «Мададгори мудофиа» – ро хатм намуда, ҳамчун мутахассис ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд.