Иншооти мазкур аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Суҳроб Латипов бунёд ёфтааст, ки ба рушди соҳаи истеҳсолот, таъсиси ҷойи нави кор барои занону духтарони деҳот ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат менамояд.
Ҳамчунин дар доираи чорабиниҳо бахшида ба таҷлили бошукуҳи ҷашни Наврӯз дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии деҳаҳои Сарой, Шерамон ва Зарнисори ноҳияи Файзобод Маркази инкишофи кӯдак, дар назди муассисаи таълимии деҳаи Устошамс майдончаи варзишӣ ва дар деҳаи Мискинобод толори варзишию ҳамоми замонавӣ ба истифода дода шуданд.
Зимни ифтитоҳи иншоот иброз гардид, ки бунёди он ба тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба варзиш, рушди оммавии варзиш, инчунин беҳтар намудани инфрасохтори соҳа мусоидат мекунад. Он инчунин барои фароҳам овардани шароити мусоиди машқу тамрин, таъсиси ҷойи нави кор, муҳайё гардидани шароити зиндагӣ ва тарбияи насли наврас дар руҳияи худшиносию худогоҳии миллӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.





