ФАЙЗОБОД ИСТИҚБОЛИ ҶАШНИ МИЛЛӢ ХОТИРМОН ХОҲАД БУД

print
Сокинони заҳматкашу ватандӯсти ноҳияи Файзобод барои ободу зебо гардондани ноҳияи худ дастаҷамъона саъю талош доранд. Имрӯзҳо бо дастгирии Ҳукумати кишвар ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, ҳамчунин, бо саҳми соҳибкорону шахсони саховатпеша, шаҳраку деҳоти он рӯз ба рӯз зебо гашта, бунёди иншооти муҳими таъиноташон гуногун, инчунин, таъмиру азнавсозии роҳҳои кӯчаю маҳаллаҳо ба ноҳия ҳусни нав зам намудаанд. Барои огаҳии бештар пайдо кардан аз рафти корҳои ободонию созандагӣ ва корҳои анҷомёфта ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ суҳбате оростем бо раиси ноҳияи Файзобод Каримзода Мансур Тағой, ки манзури хонандагон мегардад.

– Файзобод чун дигар шаҳру навоҳии кишвар, зери сиёсати хирадмандона ва иқдомҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳмату талошҳои сокинони шарафмандаш намои тоза касб намудааст. Тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия тараққӣ кардаанд. Имрӯз ҳар нафаре, ки вориди ноҳия мегардад, шоҳиди дигаргуниҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва корҳои созандагиву бунёдкорӣ мешавад. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бо сокинони заҳматкашу меҳнатқаринаш ба хотири истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагии ҳамаҷониба гирифта, ният доранд, ки ин Ҷашнро бо дастовардҳои назаррас пешвоз гиранд. Имрӯзҳо ба ҳар ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия равед, мардумро саргарми кор дармеёбед. Ҳама пайи ободонианд, ободии мактабу роҳу деҳаи худ, – гуфт дар оғози суҳбат раиси ноҳия. Мансур Каримзода афзуд, ки бахшида ба ин Ҷашни фархунда бунёду навсозии наздик ба 300 иншоот дар назар аст. То имрӯз 230 иншоот ба истифода дода шудааст. Як нуктаро мебоист зикр кард, ки имрӯзҳо, баробари дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар, дар ноҳияи Файзобод низ ба соҳаи саноат таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар тадбирҳои зиёд андешида мешаванд. Аз ҷумла, бахшида ба Ҷашни миллӣ бунёди 7 иншооти саноатӣ дар назар аст ва то ин замон қисми бештари онҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд. Боиси хушҳолии сокинони ноҳия аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Файзобод 30-юми сентябри соли 2025 як қатор иншооти ҷашниро мавриди истифода қарор доданд. Ҳамзамон, Роҳбари давлат зимни сафари корӣ ба ноҳия бо лоиҳаи муфассали банақшагирии Ҷамоати шаҳраки Вашгирд шинос шуданд. Гуфтан ба маврид аст, ки тибқи нақшаи генералӣ, шаҳраки нав дар масоҳати 163 гектар тарҳрезӣ шуда, барои зиёда аз 90 ҳазор нафар аҳолӣ пешбинӣ гардидааст. Лоиҳа фарогири бунёди биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, 5 муассисаи таълимии ҳар кадом бо 1200 ҷойи нишаст, 3 кӯдакистон барои 600 кӯдак, ҳамчунин, биноҳои маъмурии мақомоти давлатӣ ва дигар сохторҳо мебошад. Боиси ифтихор аст, ки дар маркази ноҳия майдони Парчами давлатӣ сохта шуд. Ҳамчунин, Пешвои миллат дар майдони муқаддасоти миллӣ аз рӯйи пайкараи асосгузори аввалин давлати тоҷикон – Исмоили Сомонӣ пардабардорӣ намуданд. Қомат афрохтани муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ва Парчами давлатӣ дар ноҳия шаҳодати тарѓиб ва ҳифзу нигоҳдории арзишҳои миллӣ ва эҳтиром ба таъриху фарҳанги пурифтихори тоҷикон аст. Барои истиқболи сазовори Ҷашни миллӣ дар деҳаи Заркамари Ҷамоати шаҳраки “30-солагии Истиқлол” ва деҳаи Бобои Валии деҳоти Қалъаи Дашт сохтмони биноҳои боғчаи кӯдакона идома дорад. Боғчаҳо бо саҳми соҳибкорону сокинони деҳаҳо бунёд мегарданд. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод дар партави сиёсати ояндасози Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми кӯшиши худро барои таъмини рушди босуботи иқтисодию иҷтимоӣ, вусъати корҳои созандагию бунёдкорӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардум равона мекунад.

 

 

 

Шарҳи худро гузоред

*

code