РОҲҲОИ ДЕҲАИ ЭЛОК МУМФАРШ МЕГАРДАНД

print

Дар деҳаи Элоки Ҷамоати деҳоти Қалъаи Дашти ноҳияи Файзобод корҳои мумфаршкунии роҳҳои нақлиётгарди кӯчаҳо деҳа оғоз ёфт. Имрӯз раиси ноҳия Мансур Каримзода дар оғози корҳои мумфаршкунӣ иштирок намуд. Ин иқдом дар доираи ободонию созандагӣ бахшида ба Ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, нишонаи равшани саҳми шахсони саховатпеша ва сокинони деҳа дар ободии диёр маҳсуб мешавад.
Корҳои мумфаршкунии роҳҳои нақлиётгарди кӯчаҳо бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, саҳми соҳибкорони бонангу номус ва дастгирию хайрандешии сокинони деҳа ба роҳ монда шуда, тибқи нақша кӯчаҳо ва роҳи дохилии деҳа бо сифати баланд мумфарш хоҳад шуд.
Иқдоми мазкур на танҳо мушкилоти нақлиётии сокинонро бартараф хоҳад кард, балки симои зебои деҳаро боз ҳам ҷилотар намуда, муҳити муносиб барои зиндагӣ ва рушди иҷтимоиву иқтисодӣ фароҳам меорад.
Сокинони деҳа аз ин иқдоми ободкорона истиқбол намуда, изҳори сипосу қаноатмандӣ аз дастгирии доимии мақомоти маҳаллӣ ва саҳмгузории саховатмандон доранд.
Маврид ба ёдоварист, ки бо дастгирии мақомоти маҳаллӣ ва ҳашари оммавӣ то ин муддат бо шарофати Истиқлоли давлатӣ симои деҳаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ба куллӣ дигар гардида, қомат афрохтани силсилабиноҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, мактабу синфхонаҳои иловагӣ, бунгоҳҳои солимгардонӣ, марказҳои савдову хизмати маишӣ, мағозаҳои молҳои талаботи ҳаррӯза симои ноҳияро диданиву назаррабо гардонидаанд. Бояд гуфт, ки имрӯзҳо ин амали нек дар деҳотҳо низ бо роҳи ҳашар ва маблағгузории соҳибкорону аҳолии саховатпеша идома дорад.

Шарҳи худро гузоред

*

code