ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ ДАР НОҲИЯ

print

Имрӯз дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Файзобод бахшида ба Рӯзи байналмилалии футбол чорабинии тантанавӣ доир шуд.
Дар чорабинӣ раиси ноҳия Мансур Каримзода, роҳбарони сохторҳои қудратии ноҳия, намояндагони касбу кори гуногун гирандагони стипендияи президентӣ ва варзишгарони номбардорони ноҳия иштирок намуданд.
Ҳамзамон, зикр гардид, ки боиси хушҳолист, ки Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ 9-уми феврали соли 2024 бори нахуст ба Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод намуданд, ки нақши футбол дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфта шавад ва бо қабули қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид расман Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон гардад.
Ёдовар мешавем, ки 7 май Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатънома дар бораи эълон намудани Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки аз ҷониби Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ пешниҳод гардида буд, қабул намуд. Бо қабули қатъномаи махсуси Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид 25 май ба таври расмӣ Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон шуд. Дар фазои тантанавӣ ба як қатор ҷавонони фаъол, гирандагони стипендияҳо, варзишгарон ва волонтёрон барои саҳми назарраси худ дар ҳаёти ҷамъиятӣ ифтихорнома ва сипосномаҳои раиси ноҳия супорида шуданд.

Шарҳи худро гузоред

*

code