Ситоди кории назди раиси ноҳия оиди нақшаи кишти баҳорӣ

print

Кишоварзӣ яке аз соҳаҳои асосии хоҷагии халқи ноҳияи Файзобод ба ҳисоб рафта, барои таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти баландсифат, афзун гардондани имкониятҳои содиротӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ нақши асосӣ дорад.
Аз ин лиҳоз, заҳматкашон дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳар ваҷаб заминро самаранок истифода бурда, бо риояи технологияи пешқадами агросаноатӣ ва истифодаи тухмиҳои хушсифат кишти картошка, сабзавот, ғалладона ва зироатҳои техникиро ба роҳ монда, ҷиҳати баланд бардоштани ҳосилнокӣ тадбирҳои судманд меандешанд.
Маврид ба гуфтан аст, ки имрӯзҳо заҳматкашони ноҳияи Файзобод аз боду ҳавои мусоид истифода бурда, нақшаи кишту кори баҳорӣ пура ичро карданд. Бо мақсади назорати нақшаи кишту кори баҳорӣ, бахусус, кишти картошка санаи 3-уми июни соли равон раиси ноҳия Мансур Каримзода, бо муовини аввал, сардори раёсати кишоварзии ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва хоҷагиҳои деҳқонӣ вохӯрӣ намуд.
  Зимни вохӯрӣ масъалаҳои таъминот бо тухмии босифат, нуриҳои минералӣ, техникаи кишоварзӣ ва истифодаи самараноки захираҳои обу замин мавриди баррасӣ қарор гирифт.Мансур Каримзода ба масъулини соҳа ҷиҳати риояи қоидаҳои агротехникӣ, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни кишоварзон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Ҳамзамон, раиси ноҳия оид ба истифодаи самараноки ҳар як қитъаи замин ва иҷрои босифати нақшаҳои кишоварзӣ суҳбат карданд.

Шарҳи худро гузоред

*

code