Маркази Ҷамоат деҳаи Бӯстон аз маркзи ноҳия дар масофаи 15 километр ҷойгир шудааст. Бо қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14.12.1996, № 250 таъсис дода шудааст. Шумораи аҳолии Ҷамоати деҳоти Бӯстон ба 01.01.2023 – 10 ҳазору 153 нафар буда, 1 ҳазору 125 хоҷагӣ мебошад. Дар ҳудуди Ҷамоат деҳаҳҳои Бӯстон, Офтобрӯя, Ҳаймаҳмадӣ, Себистон ва Чилчашма ҷойгир шудаанд, ки аз маркази Ҷамоат дар масофаи аз 1 то 7 – километр воқеъ гардидаанд. Дар ҳудуди ҷамоат 5 муассисаҳои таълимӣ, 26 марказҳои хизматрасонӣ ва савдо, 1 маркази саломатӣ 4 бунгоҳи тиббӣ ба мардуми ҷамоат хизмат мерасонад. Сокинони Ҷамоат асосан ба, боғдорӣ, зироаткорӣ ва қисман ба чорводорӣ машуғланд.