ҚАДРДОНИИ ИШТИРОКЧИЁНИ ОЗМУНИ “ТОҶИКИСТОН – ВАТАНИ АЗИЗИ МАН”

print

Имрӯз дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод аз тарафи раиси ноҳияи Файзобод Мансур Каримзода ба иштирокчиёни Озмуни ҷумҳуриявӣ «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дипломи Озмун ва туҳфаҳои хотиравӣ супура шуд.
Бояд гуфт, ки аз ноҳия дар номинатсияи навозандагӣ Разияллоҳ Убайдзода дар даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявӣ шитирок намуд, сазовори ҷойи якум соҳиби Шоҳҷоиза гардида бо дипломи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо 100 ҳазор сомонӣ сарфароз шуд.
Инчунин, Раҳимзода Рамазон аз композиторӣ ба гирифтани ҷойи сеюм мушарраф шуда соҳиби 30 ҳазор сомонӣ ва диплом шуд.
Ёдовар мешавем, ки 4- уми октиябри соли равон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2025 ҷамъбасти гардид. Шоҳҷоизаи Озмун ба маблағи 100 000 cомониро чор нафар иштирокчии фаъоли Озмун: дар номинатсияи санъати тасвирӣ Файзигул Раҷабова аз шаҳри Ваҳдат, дар номинатсияи навозандагӣ Разияллоҳ Убайдзода аз ноҳияи Файзобод, дар номинатсияи сарояндагӣ Наврӯзи Досӣ аз шаҳри Душанбе ва дар номинатсияи оҳангсозӣ-бастакорӣ Обидҷон Масаидов аз шаҳри Душанбе соҳиб гардиданд.
Имсол озмун аз рӯйи панҷ номинатсия: оҳангсозӣ-бастакорӣ, сарояндагӣ, навозандагӣ, санъати тасвирӣ, дизайн ва ҳар номинатсия аз рӯйи се жанр ва номинатсияи санъати тасвирӣ ва дизайн аз рӯйи ду жанр доир карда шуд. Ба ғолибони ҷойи якум- як нафар (70 ҳазор сомонӣ), ҷойи дуюм- ду нафар (50 ҳазор сомонӣ) ва ҷойи сеюм- се нафар (30 ҳазор сомонӣ) туҳфаҳои пулӣ ва Диплом тақдим карда шуданд.
Тибқи низомномаи Озмун, имсол барои баргузории Озмун аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 680 000 (ҳафт миллиону шашсаду ҳаштод ҳазор) сомонӣ ҷудо гардид.
Инчунин, ба омӯзгороне, ки шогирдони онҳо дар Озмун ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро соҳиб шудаанд, 20 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ ва Ифтихорнома тақдим гардид. Дигар иштирокчиёни фаъоли Озмун бо Ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд.
Ғолибони Озмун ҳуқуқи иштирок дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ пайдо намуда, ба мактабҳои миёнаи махсуси мусиқӣ, коллеҷи мусиқӣ ва мактаби олии мусиқӣ (консерватория) ба тариқи суҳбат, ба таври ройгон ва бе супоридани имтиҳон қабул карда мешаванд.

Шарҳи худро гузоред

*

code