ҚАДРДОНИИ ВАРЗИШГАРОН АЗ ТАРАФИ РАИСИ НОҲИЯ

print

Чанде пеш дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, варзишгарон Пирназаров Муҳаммадҷон, ки дар 8-умин Бозиҳои Осиёии байни наврасон дар шаҳри Сахаи Якутия аз намуди гӯштинги камарбандӣ иштирок намуда сазовори ҷойи сеюм гардид. Инчунин, Қодиров Меҳроҷ варзишгари бо маҳорати ноҳия байни ҷавонони 17-21 сола дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштингири байни деҳаю маҳаллаҳои ҷумҳурӣ, ширкат намуда сазовори мақоми якум шуд. Ин варзишгарон дирӯз аз тарафи раиси ноҳияи Файзобод Каримзода Мансур Тағой қадрдонӣ гардиданд.
Маврид ба зикр аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар гӯштингирони ноҳия бо дастовардҳои шоён муваффақ шудаанд, ки боиси ифтихори ноҳия ва ҷумҳурӣ мебошад.
Пирназаров Муҳаммадҷон ва Қодиров Меҳроҷ аз зумраи онҳо ба шумор рафта, онҳо дастпарварони мактаби варзишии ноҳия мебошанд.

 

Шарҳи худро гузоред

*

code