Санаи 24-уми ноябри соли 2025 бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси ноҳияи Файзобод Махфират Рашидзода ба аёдати собиқадори касбу кори гуногун рафтанд.
Махфират Рашидзода, аз номи раиси ноҳияи Файзобод Каримзода Мансур ба собиқадорон туҳфаҳои хотиравӣ супурданд.
Зимни дидорбинӣ онҳо аз собиқаи пуршарафи кориашон ёдовар шуда, изҳори сипоси самимии худро ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси ноҳия баён намуда, чунин таваҷҷуҳро нишони эҳтиром ва арҷгузорӣ ба меҳнати бесобиқаашон арзёбӣ намуданд. Ҳамзамон, муовини раиси ноҳия онҳоро бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи роҳбарияти ноҳия табрик карданд. Гуфта шуд, ки Парчами миллӣ мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми фарҳангии мо буда, мақсаду мароми созандаи тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст. Парчам рамзи сарҷамъиву иттиҳод, нишони соҳибдавлативу соҳибистиқлолият, омили муттаҳидсозии мардум, заминаи худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихор аз ватану ватандорӣ маҳсуб ёфта, таҳти ин Ливои муқаддас халқи шарифи мо ба сӯи ояндаи ободу дурахшон қадамҳои устувор гузошта истодаанд.