ҶАЛАСАИ САЙЁРИ ШӮРОИ МИЛЛӢ БАРОИ ИНКИШОФИ БАРВАҚТИИ КӮДАКОН

print

Имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ҷаласаи сайёри Шӯрои миллӣ барои инкишофи барвақтии кӯдакон баргузор гардид. Ҷаласаро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Шӯрои миллӣ Дилрабо Мансурӣ ифтитоҳ намуд. Дар ҷаласа муовинони вазорату идораҳои дахлдор, роҳбарони як қатор шаҳру ноҳияҳо ва дигар масъулон иштирок доштанд. Дилрабо Мансурӣ баромад намуда, аҳамияти калидии инкишофи барвақти кӯдаконро барои густаириши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон ва таъмини рушди устувори дарозмуддат таъкид кард.
Ҳамчунин, дар кори ҷаласа Маҷидӣ Юсуф, муовини аввали вазири молия ва директори лоиҳа натиҷагирӣ аз татбиқи лоиҳа дар шашмоҳаи аввали соли 2025, дастовардҳо ва мушкилот зикр намуд. Ҳамзамон, Муҳиддин Ҳабибулло Хайруллозода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурӣ Тоҷикистон ва Каримзода Равшан Аъзам, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати бетаъхир такмил додани ҳамкориҳои байниидоравӣ оид ба дастгирии рушди кӯдакони то шашсоларо зимни баромади худ таъкид намуданд. Ҳарду баромадкунандагон монеаҳои мавҷударо баён намуда, роҳҳои ҳалли худро барои беҳтар кардани ҳамкорӣ зикр карданд.
Иштирокчиён дар ҷаласа фаъолона иштирок намуда, саволҳо доданд ва тавсияҳои судманд пешниҳод карданд, ки ба таҳкими ҳамкории байнисоҳавӣ ва баланд бардоштани самаранокии барномаҳои таълимии синни барвақтӣ нигаронида шудаанд. Ҷаласаи мазкур бо сухани хотимавии Дилрабо Мансурӣ анҷом ёфт, ки бори дигар нақши муҳими рушди барвақти кӯдакро дар пешрафти иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон қайд карданд.

Шарҳи худро гузоред

*

code