ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ НОҲИЯ ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2025

print
  Чанде пеш дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод маҷлиси ҷамъбасти натиҷаҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар шашмоҳаи аввали соли доир шуд. Дар он роҳбари гурӯҳи кории омодагӣ ба Ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бахтиёр Худоёрзода иштирон намуд.

Раиси ноҳия Мансур Каримзода, ҷаласаро ҳусни оғоз бахшида, итилоъ дод, ки дар он роҳбари гурӯҳи корӣ, муовини аввали раиси ноҳия, муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сардорони идораву ташкилотҳои шаҳрӣ, раисони кумитаҳои маҳаллаҳо, мудирони шуъбаву бахшҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва роҳбарони корхонаҳои саноатӣ ҳузур доштанд. Муовинони раиси ноҳия доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар 6 моҳаи соли 2025 гузориш доданд.
Бо таҳлили вазъи соҳаҳо раиси ноҳия барои ҷалби аҳолӣ ба корҳои ободониву созандагӣ, тарбияи наврасону ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, ба таҳсили пурра фаро гирифтани кӯдакону наврасон, пешгирии зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла бегонапарастӣ, тарғиби фарҳангу либоси миллӣ, бунёди майдончаҳои варзишӣ ва ҷалби наврасону ҷавонон ба тарбияи ҷисмонӣ, ташкили озмунҳои китобхонӣ, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо китобҳои дарсӣ, иҷрои нақшаи даъвати ҳарбӣ, истифодаи самараноки замин, риояи структураи кишти зироатҳо, фаъолсозии пойгоҳҳои обкашӣ, таъмини рушди соҳаи саноат, бунёди корхонаҳои нав ва ташкили ҷойҳои нави корӣ, истифодаи иқтидорҳои истеҳсолӣ, иҷрои нақшаи андозҳо, беҳтар намудани фаъолияти муассисаҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ, пешгирии вайроншавии оилаҳо, самаранок истифода бурдани неруи барқ ва фаҳмондани он миёни аҳоли ба муовинони раиси ноҳия ва масуълону роҳбарони фаъолон супоришҳои мушаххас доданд.
   Замчунин, бо боварӣ таъкид гардид, ки бо дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи самту соҳаҳо дастовардҳо рӯз аз рӯз афзун хоҳанд шуд ва мардуми меҳнатқарини ноҳияи Файзобод ҷашнҳои фархундаи миллиро бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва сипосгузорӣ аз фазои сулҳу субот ва озодиву ободии кишвар истиқбол хоҳанд гирифт.
Ҷаласа бо тарҳрезии нақшаҳои нав барои давраи минбаъда ба анҷом расид.

Шарҳи худро гузоред

*

code