ҲАРКИ ХАНДОНАД ЯТИМИ ХАСТАРО…

print
 Дастгирии ниёзмандон ва ёрӣ расондан ба онҳо, воқеан, амали шоиставу волои инсонӣ маҳсуб ёфта, омили сарбаландии шахси эҳсонкор дар ин дунёву охират мегардад. Дасти ёрӣ дароз кардан ба бечорагону бенавоён, ятимону бепарасторон, бешакку шубҳа, гувоҳи имони комил доштани эҳсонкунанда мебошад. Касе агар аз рӯи инсофу дилсӯзӣ кори неку муфиде барои ниёзманде анҷом медиҳад, Худованд чораи кори ин эҳсонкорро осон гардонда, бар ивазаш аҷру подоши бешумор мебахшад.

Имрӯз ба муносибати Ҷашни Сада барои ятимони кул дар чойхонаи “Наврӯзи”- и ноҳия ҷорабини идона доир гардид.
Дар чорабини мазкур раиси ноҳия муҳтарам Бобишо Холзода иштирок намуда, ин қишри ҷомеаро ба муносибати ин ҷашн табрик карда ба онҳо саломатӣ, комёбиҳо ва хонаи обод таманно намуданд. Ҳамчунин, зикр карданд, ки дар баробари заҳмату талошҳои ободкориву созанда, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирии ятимон, маюбон ва эҳтиёҷмандонро яке аз самтҳои муҳими сиёсати худ қарор додаанд, ки ин иқдом намунаи ибрати ҳамагон мебошад. Инчунин, раиси ноҳия ба ятимону маюбон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карданд.

Дар идомаи чорабинӣ аз тарафи бахши фарҳанги ноҳия барои болидаруҳ гардидани кӯдакон, барномаи рангини консертӣ баргузор гардида, ки ба чорабинӣ шаҳомати дигар бахшид. Инчунин, раиси ноҳия ба ятимон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карданд.

 

Шарҳи худро гузоред

*

code