ҶАШНИ 34-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ ФАЙЗОБОД

print
 Имрӯз дар варзишгоҳи марказии ноҳия Ҷашни 34-умин согарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид.
Дар чорабинии маскур роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода, раиси ноҳия Мансур Каримзода, роҳбарони сохторҳои қудратии ноҳия, муовинони раиси ноҳия, дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони шуъба ва бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, аҳли ҷамоатчигӣ ва дигар сокинони ноҳия иштирок доштанд.
Барномаи идона бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид. Бояд гуфт, ки ба ифтихори ҷашни миллӣ гирду атрофи варзишгоҳ бо шиорҳо ва парчамҳои миллӣ оро дода шуда, дар ҳар канори он сокинону меҳмонон шодӣ мекарданд.
Сипас, маросими тантанавӣ бахшида ба Ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатӣ оғоз ёфта, раиси ноҳия Мансур Каримзода, дар баромади хеш иброз доштанд, ки имрӯз дар фазои сулҳу оромӣ ва соҳибистиқлолии кишвар сокинони ноҳия зери сиёсати оқилона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоянд. Ба ин муносибат ҳамаи Шумо ҳозирини гиромӣ ва дар шахсияти Шумо тамоми сокинони ноҳияро бо ин ҷашни муқаддас табрику муборакбод намуда, ба Шумо хонаободӣ, сарбаландию сарфарозӣ ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно менамоям.
Баъдан Бахтиёр Худоёрзода баромад карда, сокинони сарбаланди ноҳияро бо Ҷашни 34-умин согарди Истиқлоли давлатӣ табрик гуфтанд. Ба як қатор собиқадорон ва кормандони фаъоли шуъбаву бахшҳои назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия сипосномаи раиси ноҳия ва туҳфаҳои хотиравӣ супурда шуд. Дар идомаи чорабинӣ аз тарафи сарояндаҳои бахши фарҳанги ноҳия барномаи идона баргузор гардид, ки ба чорабинӣ шаҳомати дигар бахшид.

Шарҳи худро гузоред

*

code