ҶАШНИ БОШУКӮҲИ ИДИ НАВРӮЗ ДАР НОҲИЯИ ФАЙЗОБОД

print
Санаи 21-ум марти соли 2026, дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Файзобод Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид.
Дар чорабинии маскур вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наҷмиддиниён Асадулло, роҳбари гурӯҳи кории омодагӣ ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ Бахтиёр Худоёрзода, раиси ноҳия Мансур Каримзода, роҳбарони сохторҳои қудратии ноҳия, мудирони шуъба ва бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, аҳли ҷамоатчигӣ ва дигар сокинони ноҳия иштирок доштанд.
Чун анана дар ин рӯз сокинони меҳнаткаши ноҳия бо оростани хони Наврӯзӣ ва эҳёи расму суннатҳои миллӣ ба идгоҳ ҳозир шуданд.
Нахуст, меҳмонон аз гӯшаи Ҷамоати шаҳраку деҳот ва корхонаву коргоҳҳои ҳудуди ноҳия, ки маҳсули дастранҷи онҳо ба маърази тамошо гузошта шуда буд, дидан карданд.
Дар оғози тантанаҳои Наврӯзӣ меҳмонон аз намоиши расму оинҳои миллӣ, дастархони миллӣ ва ҳунарҳои мардумии ноҳия дидан намуданд.
Бояд гуфт, ки ба ифтихори Ҷашни Наврӯз гирду атрофи варзишгоҳ бо шиорҳо ва парчами миллӣ оро дода шуда, дар ҳар канори он сокинону меҳмонон хурсандию шодӣ мекарданд.
Сипас, маросими тантанавӣ бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз оғоз ёфта, раиси ноҳия Мансур Каримзода, дар баромади хеш тамоми мардуми кишвар ва сокинони ноҳияро бо Ҷашни Наврӯзи бузурги ниёгонамон табрику муборакбод намуданд. Ҳамчунин, раиси ноҳия зикр карданд, ки соли нави аҷдодӣ-Наврӯзи оламафрӯз аз қаъри асрҳо то ба замони мо расида, муборактарин ва муқаддастарин ҷашнҳои мардумӣ маҳсуб ёфта, ифодагари таҷлили рӯзи нав, соли нав, иқболи нав ва орзуҳои нав, баёнгари тафаккури таърихӣ, симои маънавӣ, сиришти ахлоқӣ, орзую расму оин, ҷаҳонбинӣ ва рукнҳои тамаддуни халқу қавмҳо буда, давоми мантиқии суннатҳои ниёгонамон мебошад.
Баъдан Бахтиёр Худоёрзода, баромад карда, сокинони сарбаланди ноҳияро бо Ҷашни Наврӯзи хуҷастапай табрик гуфтанд.
и ещё 12
Все реакции:

Madina Boeva, Рамазонзода Музаффар и ещё 11

Шарҳи худро гузоред

*

code