Имрӯз Иди Сада дар ноҳияи Файзобод бо риояи суннатҳои аҷдодӣ ва шукӯҳу шаҳомати зиёд таҷлил гардид.
Ҷашни Сада аз қадимтарин ҷашнҳои мардуми тоҷик ба ҳисоб рафта, бо шарофати Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав эҳё гардид ва ҳамасола бо шукӯҳу шаҳомати хоса дар кишвар ҷашн гирифта мешавад.
Намоишгоҳи идона, ки аз маҳсулоти кишоварзӣ, ниҳол, гулу буттаҳо, тухмии зироати кишоварзӣ, олоти меҳнати марди деҳқон, маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ва анвои гуногуни хурокҳои миллӣ оро ёфт, боиси хушҳолии иштирокдорон гардид. Маврид ба зикри хос аст, ки дар доираи чорабини мазкур, дар маркази ноҳия ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ гузаронда шуд, ки аз онҳо сокинони ноҳия бо нархи арзон маҳсулоти хӯрокворӣ дастрас намуданд.
Ин аз намоишгоҳ фаровонии маҳсулот ва меҳнати содиқонаву софдилонаи кишоварзони ноҳияи Файзобод дарак медиҳад.
Дар чорабинии мазкур роҳбарони сохторҳои қудратии ноҳия, роҳбари гурӯҳи кории омодагӣ ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ Бахтиёр Худоёрзода, раиси ноҳия Мансур Каримзода, роҳбарони сохторҳои қудратии ноҳия ва намояндагон иштирок доштанд. Раиси ноҳия
Мансур Каримзода, зимни суханронӣ иброз дошт, ки Ҷашни Сада аз ҷовидонии хуршеди оламтоб башорат дода, ифодаи пайванди зиндагии инсонҳо бо табиат, давраи омодагӣ ба истиқболи баҳору Ҷашни байналмилалии Наврӯз, инчунин, омодагӣ ба киштукори баҳорӣ ва дигар корҳои кишоварзӣ мебошад.
– Мардуми шарафманди ноҳия дар қатори дигар сокинони сарбаланди кишвар, ки табиатан ба некиву покӣ ва гармиву рӯшноӣ майл доранд, Ҷашни Садаро бо хушиву хурсандӣ истиқбол гирифта, чун ниёгони хушсалиқаамон аз имрӯз шуруъ карда, ба мавсими киштукори баҳорӣ омодагӣ мегиранд. Баргузории чунин ҷашнҳои оммавии бошукӯҳ, ки тайи солҳои охир ба ҳукми анъана даромадааст, нишонаи иттиҳоду сарҷамъӣ ва ҷонибдории сокинон аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат ва Ҳукумати мамлакат мебошад,-зикр кард раиси ноҳия
Дар охири чорабинӣ як қатор деҳқонон ва кормандону мутахассисони фаъоли соҳаи кишоварзии ноҳия бо ифтихорнома ва сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қадрдонӣ гардиданд.
Дар идомаи чорабинӣ аз тарафи бахши фарҳанги ноҳия ва сарояндаҳои ҷумҳурӣ барои болидаруҳ гардидани иштирокчиён барномаи рангини консертӣ баргузор гардида, ки ба чорабинӣ шаҳомати дигар бахшид.
